Барқияи тасаллият

№128 (4548) 17.10.2022

15 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар кони ангишт дар вилояти Бартини Ҷумҳурии Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин фоҷеа изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».