Барқияи тасаллият

№133 (4553) 31.10.2022

Стандарти Садои мардум Кореязо октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари фоҷиабори ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари сар задани издиҳоми шадид дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Сеул боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея ва  пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем.»