Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис!
Дар Тоҷикистон хабари садамаи киштии мусофиркашро дар дарёи Янтсзии вилояти Хубэйи Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки бар асари он одамон ҳалок гардидаанд, бо андӯҳи гарон қабул карданд.
Дар ин лаҳзаи пурандӯҳ аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорам ба наздикон ва хешовандони қурбоншудагон тасаллияти амиқ ва эҳсоси ҳамдардӣ, инчунин ба тамоми зарардидагон орзуи сиҳатмандии комили моро расонед».
АМИТ «Ховар»