Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон понздаҳуми июни соли 2015 ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили барқияи тасаллият ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:
«Ҷаноби Аълоҳазрат!
Дар Тоҷикистон хабари обхезӣ бар асари борони шадиди сел дар Тбилисиро, ки боиси ҳалокати одамон гардида ва ба пойтахт зарари зиёди моддӣ расонидааст, бо андӯҳи гарон дарёфтанд.
Аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳиш мекунам тасаллияти қалбӣ ва ҳисси ҳамдардии моро ба хешовандон ва пайвандони ҳалокшудагон расонед».
www.president.tj