Барқияи тасаллият

№143 (3444) 27.10.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд 23 октябри соли 2015 барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Аз хабари бархӯрди автобуси мусофиркаш бо мошини боркаш дар наздикии шаҳри Либурни Ҷумҳурии Франсия, ки боиси талафоти даҳҳо нафар шаҳрванди Франсия гардид, сахт андӯҳгин гардидам.

Ба Шумо тасаллияти амиқ изҳор намуда, хоҳиш менамоям, ки эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед».

 www.president.tj