Барқияи тасаллият

№ 25.07.2016

24 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷалолатмаоб!

Хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабонро дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, бо андуҳи бузург  дарёфтам.

Ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи неруҳои аҳримани терроризми байналмилалӣ  таъкид менамояд. Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Афғонистон ҳассос мо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории кишварҳоямон дар роҳи решакан кардани ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ иброз медорем.

Бо эҳсоси ҳамдардӣ ва ғаму ғуссаи амиқи моро ба ҳар хонаводаи  фавтидагон, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

www.president.tj