БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ

№106 (3586) 11.08.2016

Нуҳуми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари ҳамлаи даҳшатангезро дар шаҳри Кветтаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, бо андуҳу нафрати беандоза дарёфтам.

Тоҷикистон ин амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеъонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгаройӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.

Тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».