Нуҳуми январи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ! Хабари бар асари сактаи қалбӣ даргузаштани Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба мардуми дӯсти Эрон иброз дошта, барои пайвандон ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонам.
Худованд ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад».
www.president.tj