Барқияи тасаллият

№47 (3684) 02.05.2017

29 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

 «Алмазбек Шаршенович!

Дар Тоҷикистон хабари фаромадани ярчро дар вилояти Оши Қирғизистони дӯст, ки боиси талафоти одамон гашт, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтанд.

Хоҳишмандам тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони дар натиҷаи ин фоҷиа ҳалокшуда расонед. Ба тамоми нафарони осебдида шифои комил таманно дорем».

www.president.tj