Барқияи тасаллият

№36 (3673) 04.04.2017

Сеюми апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Аз хабари таркиши фоҷиабор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург, ки бар асари он шаҳрвандони бегуноҳ талаф ёфтанд, сахт андуҳгин гардидам.

Бо эҳсоси андуҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср — терроризм таъкид менамоем.

Аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед.

Ба зарардидагони ин фоҷиаи мудҳиш шифои комил орзумандем».

www.president.tj