Ҳаштуми июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба амалҳои террористӣ дар шаҳри Теҳрон, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо таъзияву тасаллияти амиқи хешро иброз менамоям.
Мо ин ҷинояти золимонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири тақвияти муборизаи беамону дастаҷамъонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгаройӣ муҷаддадан таъкид менамоем.
Ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем».
www.president.tj