Барқияи тасаллият

№19 (3813) 13.02.2018

12 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар вилояти Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо шаҳрванди Федератсияи Россия гардид, бо андуҳи амиқ ва эҳсосоти дарду алам дарёфтам.

Дар робита ба ин талафоти вазнин ҳамдардӣ иброз намуда, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро изҳор менамоям».

www.president.tj