Барқияи тасаллият

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

Ҳафтуми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ, ки бар асари он хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия ба ҳалокат расиданд, моро андуҳгин намуд.

Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед».

www.president.tj