Барқияи тасаллият

№38 (3832) 27.03.2018

26 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Вла­ди­мирович!

Хабари сӯхтор дар маркази савдои шаҳри Кемерово, ки муҷиби ҳалок ва захмӣ шудани одамони зиёд гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем».

www.president.tj