Барқияи тасаллият

№87 (3881) 17.07.2018

14 июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покис­тон Мамнун Ҳусейн ­барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

 «Ҷаноби Олӣ!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи террористон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андуҳу нафрати беандозаи мо гардид.

Тоҷикистон ин амалҳои ғайриинсонии неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгаройӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикис­тонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

 www.president.tj