Шашуми августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҳузнангези бар асари силсилаи заминларзаҳои шадид дар кишвари Шумо ба ҳалокат расидану ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва харобиҳои зиёди моддӣ боиси андуҳи бузурги мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Индонезия сангин ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷиабор ирсол дошта, барои ҳамаи ҷароҳатбардоштагон шифои комил хоҳонам».
www.president.tj