Барқияи тасаллият

№102 (3896) 21.08.2018

18 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 «Ҷаноби Олӣ!

Хабари фавти собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан боиси андуҳи бепоёни мо гардид.

Тайи давраи фаъолияти худ   дар ин маснади олӣ ҷаноби Кофи Аннан бо талошҳои пайвастааш дар ҷодаи ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният, инчунин татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои рушди умум ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи замони муосир дар арсаи байналмилалӣ маъруфият пайдо намуда, мақому манзалати хосаро соҳиб гардид.

Зимнан, мехостам саъю кӯшишҳои доимии ин марди боризро ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои созандаи Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон  махсус таъкид намоям.

Бо изҳори  хотироти нек ва эҳтироми бузург нисбат ба шахсияти марҳум аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, ибрози таъзияву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба наздикону пайвандони ӯ хоҳишмандам».

www.president.tj