Барқияи тасаллият

№2 - 3 (3952 - 3953) 05.01.2019

Сеюми январи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 «Муҳтарам Владимир Владимирович!

Хабари таркиши газ дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск, ки муҷиби ҳалок ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафар одам гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар робита ба ин фоҷиа тасаллияти амиқи худро ба тамоми мардуми дӯсти Россия иброз медорам ва хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон, ҳамзамон, таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед».

www.president.tj