15 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари амали террористӣ дар иёлоти Ҷаму ва Кашмири Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки муҷиби ҳалокати 45 нафар корманди мақомоти қудратӣ ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванд гардидааст, моро андуҳгин намуд.
Ин ҳодисаи даҳшатангез боз ҳам зарурати идомаи муборизаи беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Ҳиндустон хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбониён бирасонед. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комил хоҳонем».
www.president.tj