Барқияи тасаллият

№45 (3995) 23.04.2019

22 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид.

Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсониро қатъиян маҳкум ва бори дигар зарурати муборизаи беамони дастаҷамъонаро алайҳи терроризму ифротгаройӣ ва ҳама гуна зуҳуроти зӯроварӣ таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

www.president.tj