Барқияи тасаллият

№91 (4041) 27.07.2019

25 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тунис Муҳаммад ал-Носир барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо андуҳи зиёд аз хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ — Президенти Ҷумҳурии Тунис — Баджи Қаид Ас-Себси огоҳ шудам.

Марҳум дар маснади Президенти кишвар барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Тунис хизматҳои назаррас кардааст.

Бинобар ин талафоти бузург аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикис­тон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми дӯсти Тунис баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоям.

www.president.tj