Барқияи тасаллият

№107 (4213) 03.09.2020

Дуюми сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Рам Натх Ковинд барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи боиси андуҳи мо гардид.

Марҳум бо хизмати содиқона ва фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни олимартабаву муҳими давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он гардида буд.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Ҳиндустон таъзияву тасаллият ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро изҳор менамоям».

www.president.tj