Барқияи тасаллият

№137 (4243) 06.11.2020

Сеюми ноябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷалолатмаоб!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи ахири террористон, аз ҷумла, ба Донишгоҳи Кобул ва болои неруҳои давлатии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, боиси андуҳи беандозаи мо гардид.

Тоҷикистон ин амалҳои ғайриинсонии неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум ва зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгаройӣ дар сатҳҳои гуногун муҷаддадан таъкид менамояд.

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

www.president.tj