Барқияи тасаллият

№53 (4315) 22.04.2021

19 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Гурбангули Мяликгулиевич!

Хабари даргузашти падари соҳибэҳтироми Шумо — Мяликгули Бердимуҳамедов боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллӣ ва таъзияи самимии ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам».

www.president.tj