Барқияи тасаллият

№74 (4336) 08.06.2021

7 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари бархӯрди садамавии қатораҳо дар музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба мардуми дӯсти Покистон аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки ҳамдардии моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба пайвандони онҳо аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил ва ба маҷрӯҳшудагон шифои комил хоҳонам».

www.president.tj