10 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҳамлаҳои ғайриинсонии интиҳориён ба ду калисои ҷомеи қибтиҳо дар кишвари дӯсти Миср, ки бар асари онҳо даҳҳо мардуми осоишта ба ҳалокат расида, ҷароҳати вазнин бардоштанд, боиси андуҳ ва нафрати беандозаи ин ҷониб гардид.
Мо ин амалҳои маргталабонаро бо нигаронии шадид маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгаройӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамоем.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба аҳли наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми Миср изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».
www.president.tj