Барномаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе ба кор дароварда шуд

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

Копия 4

31 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми Лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор даровард.

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази идораи ин Лоиҳаи инноватсионӣ, ки дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад, ташриф оварда, шабакаи мутамаркази камераҳои видео ва аксбардории роҳҳои шаҳри Душанберо ба кор даровард.

Тавре зикр гардид, тибқи ин лоиҳа дар ҳамаи чорроҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе камераҳои наворбардорӣ ва аксгирӣ гузошта мешаванд, то ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ ба таври автоматӣ аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ назорат карда шавад.

Камераҳои назоратӣ кори нозирони ҳаракат дар роҳро хеле осон мекунанд, зеро тамоми вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе дар наворҳои видео ва аксҳо сабт мегардад. Дар чунин ҳолат ягон қонуншикан ва вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат беҷазо нахоҳад монд, зеро тамоми воқеаҳои нохуш сабт мегарданд ва касе ба қонуншикан кӯмак расонда наметавонад.

Бо татбиқи босамари ин лоиҳа, ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад. Дар сурати босифат ва самарабахш амалӣ шудани лоиҳа дар шаҳри Душанбе ин кор дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ амалӣ хоҳад шуд.

Ҳадафи асосӣ аз татбиқи ин лоиҳа ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ водор намудани шаҳрвандон, пешгирӣ аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ронандагию ҳаракат дар роҳҳо мебошад.

Барои татбиқи босамари ин лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки санадҳои қонунгузории кишварро ба талаботи низоми нав мутобиқ гардонанд.

Таъкид гардид, ки воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион ва радио моҳияти фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-ро ба шаҳрвандон бояд шарҳ ва тавзеҳ диҳанд.

Супориш дода шуд, ки ташкилоту идораҳо, бахусус иншооти муҳим ва махсусан муҳим, ки мушоҳидаҳои видеоӣ доранд, таҷҳизоти худро ба талаботи меъёрҳои стандартӣ мутобиқ намуда, дар оянда ба Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» пайваст намоянд.

Тавре хотиррасон гардид, дар нуҳ моҳи соли равон дар кӯчаву роҳҳои мошингарди  ҷумҳурӣ  738800 вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 6 945 ҳодисаи идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ,  25 800 ҳолати бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 706 ҳолати истифодаи ғайриқонунии нақлиёти сиёҳшиша, 4 237 ҳолати бе рақамҳои қайди давлатӣ,   6688 ҳодисаи итоат накардан ба корманди милитсия, 11511 ҳодисаи риоя накардани талаботи чароғакҳо, 21 483 ҳолати гуфтугӯйи ронанда бо телефони мобилӣ дар пушти чамбараки мошин ошкор шудааст.

Дар ҳамин муҳлат, ҳамчунин  853 ҳолати истифодабарии нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 1696 ҳолати аз меъёр зиёди иштироки воситаҳои  нақлиёт дар гузаронидани тӯю маъракаҳо, 2459 далели истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо асбобҳои иловагии баланд садодиҳанда (сирена), ки шабона оромии шаҳрвандонро халалдор месозанд, ошкор карда шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1033 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 350  нафар фавтида, 1110 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Дар муқоиса ба соли гузашта 34 садама зиёд рух додааст, ки  25 нафар ҳалок шуда, 13 кас ҷароҳат бардоштааст.

Дар шаҳри Душанбе 253 садамаи нақлиётӣ содир шудааст, ки дар натиҷа 33 нафар ба ҳалокат расида, 261 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд.

Дар ҷумҳурӣ 135 ҳолати идоракунии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ошкор гардида, аз тарафи онҳо дар роҳҳои мошингард  12 садамаи нақлиётӣ содир шудааст, ки дар натиҷа, 8 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтаанд. Дар шаҳри Душанбе бошад, ноболиғон се садамаи нақлиётӣ содир намудаанд, ки дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, 5 кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтаанд.

Дар ин давра 172 ҳолати бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён ошкор карда шуда, аз тарафи онҳо дар ин муддат 9 садамаи нақлиётӣ содир гардидааст, ки бар асари онҳо 5 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби донишҷӯён 5 садамаи нақлиётӣ содир шудааст, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Аз ҳисоби пардохтҳои давлатӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ ба буҷети давлат 186 миллиону 833 ҳазору 864 сомонӣ ворид шудааст.

Аз ҷумла:

- аз ҳисоби ҷаримаҳо-18 млн. 929 ҳазору  921 сомонӣ;

- аз ҳисоби андоз аз соҳибони нақлиёт 92 млн. 367 ҳазору 841сомонӣ;

- аз ҳисоби зиёдатии даромад аз хароҷот — 10 млн. 876 ҳазору 950 сомонӣ;

- аз фурӯши аломатҳои қайди давлатӣ дар музояда — 1790 732 сомонӣ;

- аз ҳисоби додани иҷозатнома барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ба маблағи 62 868 420 сомонӣ.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло ҳам ҳолатҳои қоидавайронкунӣ, аз ҷумла итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия ва чароғаки роҳнамо, сабқату суръатафзоӣ ва доир намудани пойгаи мошинҳо, инчунин содир намудани садамаҳои нақлиётии марговар аз тарафи фарзандони шахсони мансабдор, воломақом ва сарватманд ба назар мерасанд.

Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар ин давра 592 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ҷиноятҳои авбошӣ 352 ададро ташкил медиҳанд.

Инчунин дар шаҳри Душанбе дар миёни ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла мактаббачагону донишҷӯён 13 ҳолати муноқишаҳои гурӯҳӣ бо истифодаи корд ва дигар олотҳои буррандаю халанда ба қайд гирифта шудааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолияти босамари барномаи «Шаҳри бехатар» ба ислоҳи чунин ҳолатҳои ногувор ва пешгирӣ аз садамаҳои нухуши нақлиётӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.

www.president.tj