Ҳаштуми декабри соли 2015 бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим барои бартараф сохтани оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Ба комиссияи мазкур роҳбарони аввали вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои масъул шомиланд.
Тибқи маълумоти то ин дам расида, бар асари заминларзаи ҳафтуми декабр беш аз 500 хона вайрон шуда, даҳҳо тан ҷароҳат бардоштаанд. Мутаасcифона, талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки бар асари ин заминларза аз ҳама бештар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон хисорот дидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи мазкур, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо дастур дод, ки ҳар чӣ зудтар аҳолии бесарпаноҳмондаро бо ҷойҳои зисти муваққатӣ, либоси гарм, хӯрока ва дигар лавозимоту шароити зарурӣ таъмин карда, барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид чораҳои таъхирнопазир андешанд.
www.president.tj