Шарафномаи ёдҳо

Бароварда дор рӯшани роҳёб

№141-142 (3621-3622) 16.11.2016

ПРЕЗИДЕНТ ОРИГИНАЛҲар сапедадами саҳар синаи осмони саломати кишварро ҳиссу ламс   мекунам. Дар чорсӯи ин кабудии идонаранги зебову муродбахш сари ин насли арҷманди Ватан чаҳор ситораи озарахш мечархад. Якеро Истиқлол, дувумро Сулҳ, савумро Ваҳдат, чаҳорумро Давлат ном аст. Ҷаҳон-ҷаҳон шукронаву муҳаббату ризову эҳсон фидои ин нашъати будану барозандагӣ дар замини тинҷу баҳраманди аҷдодӣ!

Ин нуриёни нодири сара-сара дӯстдоштанӣ муҷассамаи дирафшу таблу гурзу фарёдҳои фатҳулзарб («Марг беҳ аз асорат!» — афрӯзаи мардуми Мовароуннаҳр хотирдози ҳимояи Исмоили Сомонӣ) ниҳоят панҷаи занҷиркани раҳоиянд дар қиболи талхтарин моҷароҳои ғорату мунозиату қасду хиёнату хунхории  садсолаҳо дар ду китфи тоҷикон бор!

Ин нуриёнро бояст дар чашм гавҳар кашид, дар устухон давои мӯмиёию дар дил ҷондоруи дарозумрӣ гирифт, дар рӯз дасту канори ошноӣ, дар шаб чароғ, дар кӯҳ буноҳани поёб, дар лаби об косаи заррин! Чун имрӯз инон падидаҳои барҷастасозу муносиби созандагии нав, шоистагии нав, поистагии наванд, ба масобаи зеҳни табъан зиндагиорои халқи мо, зарабони дили меҳрубони мо, ормону омоли озодипарасти мо. Ба ин хотир қадре овозаи сипосу шукрхоҳиянд навиштаҳои зер аз банда.

Воқеан, аз азал дар ин дунёгӯшаи офтобрӯ ба рӯшаниву оташ, рӯи нуронӣ, диди нуронӣ, ақлу зеҳни нуронӣ кашишу пазириши мардум зиёд гарояндаву гирифтор буда. Аз шати Зардушт дар васфи хуршеду моҳу оташ готҳои тиллогини Авасто ба оламиён маълуманд, рости комил бар андешаи боло. Забони оташин, дами гиро, дили сӯзону часпон ба зиндагии шоён, ки табъи мардуми куҳанрешаи мост, аз ҳамон муқаддароти муқаддаси бостонӣ мерос монда.

Савумин кишваре, ки ман — Аҳуромаздо офаридам, Балхи зебои ашвон буд. Эй Зардушт, мардумони ин кишварҳоро муттаҳид бинмоӣ, то дӯстиву рафоқат устувор гардад, ҷангу ҷидол канора монад, — омадааст дар бахши Вандизоди Авасто.

Таърих хотироти зиндаву поянда мехонад: рӯзгоре аз пайи ҳисори замондидаи Балхулҳусно (Балхи бомӣ) қофилаҳои гавҳарбор рӯ ба сӯи Руму Рай мерафту корвонҳои колои бирешимин ба ин шаҳристони ободон мерасиданд бо нишонии дирафшҳои фароосмонӣ ва машъалаи оташкадаи Навбаҳор. Аз соҳати ҷануби регзори соҳили Ҷайҳун болои ибодатгоҳи бузурги зардуштиён-маъбади бостонии Навбаҳор дар дили шабҳои тор ончунон шуълаҳои оташ авҷ мегирифт, ки аз он сӯи Омӯдарё ҷалби назар мекарданд. Ин оташи рӯшангар, ҳамчунин санампарастони ҷаҳонро ба зиёрати буткадаи азим роҳнамоӣ дошт. Аз ақсои Чину Юнону дигар манотиқ мешитофтанд ҳазорон муътақидону мухлисон ба ин сӯй ва дар пойи бути бузурги он-Навшод сар мениҳоданд.

Даврае буд, ки аз баландиҳо ва пуштаҳои Ҳиндикӯҳ ва гарданаҳои кӯҳсори боҳашамати Помир ориётаборон ба ин паҳноҳо фуруд омада, ба зиндагии мутамаддин пайваста ва ҳастии хешро сару сомон бахшидаанд.

Хуросони бузург ё Хуросони қадим, ки замоне Мовароуннаҳрро фаро мегирифт, оламе пур аз мулку макони ободон, сарзамини паҳновару тамаддунгустар буд. Бо қазоёи қисмат ва резишу гузиниши тунди бегонарӯён ва тӯфону сиёсат алвақт дар ин хокдони ниёгони мо чандин давлати хурду бузурги Осиёи Вусто арзи ҳастӣ мекунанд. Ковишҳову хезишҳои ҳарисону бадбинони бисёре ин марзу буми вусъатободро аз хавфи пояндагии порсизабонони тавоно валангор сохт. Хусусан, баъди инқилоби сурхи болшевикӣ аз тарси тавонмандии фикрии ин мардум хайле издиҳоми туркистонсоз зодбуми васеи тоҷиконро пора-пора карда, як минтақаи хурдеро ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ҷуғрофӣ заданд. Ва он ҳам дар ҳоли пойбаставу ақлбаста, маҳруми истиқлол, масдуди соҳибдавлатию ифтихори миллӣ.

Дарде аз садҳо дард: хоки моро қабза карданд. Қудрати моро қабза карданд, ақли фарҳангзою давлатсози моро қабза карданд. Рустами моро ба мотами Суҳроб шинонданд. Рӯ сӯе, интизори мададгоре гиристем… Ва боз ҳам хуш напазируфтанд рӯзеро, ки мо даъвои огоҳиву ҳувияту озодиву давлатдории аҷдодӣ хезондем. Аз хавфи ин садоҳо моро ба мо ҷангиву кушанда карданд.

 

Пандест аз бузургворе: «Ман аз замоне, ки қалби худро гум кардааст, метарсам». Кӯҳе будему дар гирдоби дарё уфтода шудем.

Банда як тан аз он гурезоншудагон будам, ки солиёне сару ҷонро дар манотиқи Афғонистон паноҳ додам. Аммо чӣ паноҳгоҳе! Рӯзе набуд бе ҳуштаки даҳшатбори бамб, бе тарсу таҳлукаву бихезу бигрези мардуми парешонрӯзгори ноосуда, ёғиву ҷангисару помолу кушта. Ҳай дареғи ҳамсояву ҳамзабону ҳамрешаву ошношиноси афғонии мо, ки то имрӯз ормонҳояш дар хоктӯдаҳои ҳирмонҳо нуҳуфтааст.

Ва инак, мешинаму мехезам боди талхмазаи дори ғарибӣ чашмони обравамро месӯзонад. Забонам ҷинҷ мешуд аз бӯи наволаи нони хомпазу дудаолуди танӯри саҳроии хоҳарону модарони муҳоҷири ҳамсафарам. Вале он қути лоямут қувват мебахшид, то ёди Ватанро нарезонем аз ҷаъбаи пешонаҳои пурармони раҳбин ба умеди бозгашт, то соати бозгашт, то ширинтарин дидору салом ба зодбуми бобоӣ. Ва боз ҳам ба сарҳову ҷонҳои мо ба пойи раҳбини хушрӯтарин, пурдилтарин, меҳрубонтарин бонуи ҷаҳон — зани тоҷик, ки фонуси рӯзгори гӯёнишини умеди раҳкушо буд. Ҳар кадомеро дар сарири меҳрпазири поймардиву сароиш ҷойгузини  Рӯдоба, Гурдофарид, Зебуннисо метавон нишонд. Ин хушрӯи ҷаҳоноро ва дӯстдори беҳамто аз он аҳде, ки Искандари мақдунӣ Рухшонаи хушгавҳари моро ба асорат бурд, асрҳову асрҳо аз ҳузуру ҳаловати дунё бенасиб буд.

Ҳамакнун гап ба нисбати он, ки дар миёни ин чаҳор ситора хуршеде тобандагӣ дорад, ки муҷассамаи хиради оташгуна нурзо, қалби мамлу аз гудози майҳанпарварӣ ва ҳувияти тоҷикона аст. Ҳамон яке аз баландпоятарин гавҳарҳои рӯшанони заковати башарӣ.

Мурури ҷовидонагӣ ин фитрати рӯшаниёбро, мурури ҷовидонагӣ, ки дар айни вомондагии миллати қоматшикаста, миллати торазада, миллати бедавлат сутурмарди замон, аврангзеб, ватанпарасти сарсупурда, Пешвои дурбин Эмомалӣ Раҳмонро рӯи тахти раҳнамоӣ баровард. Сар омад фатҳи нур бар зулмот. Ва ӯ аз дари ғайрати давлатмардӣ баромада, ин чаҳор ситораи иқболи тоҷиконаро дар ғамгин харобободе фурӯзонид ва мадори ҷовидонии дурахшидан дод.

Тавонмандии тоҷиконаро аз фарошеби ҳирмонҳову нисёнҳо бо зинати се гавҳари поки яке аз аввалин вахшури раҳнамоёни башарият — Зардушту Спитамен, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, садои давлаттирозони Оли Сомон, Зарбулфатҳи Рустаму Суҳробу Сиёвушу Спитамену Деваштичу Муқаннаъ, нӯшханди бонги қаҳрамонпайкори Айниву Бобоҷон Ғафуров ин Пешво, ин Президент, ин давлатсоз, ин Ватанбон, ин нуронӣ эҳё ва барозо бахшид.

Сари ин гуфтор маро рӯзи мулоқоташ бо мардуми ноҳияи Панҷ 6 октябри соли 2014 ба ёд мерасад. Он қадар иди нуроние дар ин дидор таҷассум ёфт, ки овозҳои шодмонияш то ҳол чун навоҳои рӯҳпарвари амвоҷи рӯди Панҷ шабу рӯз танинандозанд ва то дуриҳои фардо муборакбод мерасонанд. Марди деҳқонсолор, раиси яке аз хоҷагиҳои собиқи ноҳия Болта Нидоев ба пешвози Сарвари кишвар баромада, арзи сипос хонд: «Ҷаноби Олӣ, ин издиҳоми рангоранги зиндадил, ки ҳоло дар гирди Шумо шодиву шукрона доранд, ҳамонҳоеанд, ки худатон аз чӯлҳои ғарибонаи Афғонистон ҷамъ карда, ба Ватан овардед. Дӯст медорем, Шуморо, дӯст медорем ҳар кадомамон». Ҷавоби Президенти хушкардаи мардум ин буд: «Ман ҳамаи хурду калони шуморо дучандон дӯст медорам».

Ҳар ду ҳамдигарро сахт ба оғӯш кашиданд. Ҳолате рафт, ки гӯё ҳамаи мардуми панҷӣ Президенташонро дар бистари гарми рӯи дил шинонданд. Ва банда як ҷасорати ошнои муҳоҷирамро, ки рӯзи табоҳе бар салоҳе бархост, пеши рӯ овардам. Шояд ӯ ҳам дар миёни ин издиҳоми муташаккир сар кашида, қад давонда, оғӯш кушода, чашм аз дидани Пешво намегирифт. Қисса ин аст хотирхоҳи хонандаи гиромӣ:

Рӯзи шамолхезу ғуз-ғузапоши барфӣ дар соҳили дарёи Панҷ (аҳди хезу гурези мардуми ҷангзада моҳи декабри соли 1991) афғоние калашник (автомати ҷангӣ ба ибораи афғонҳо) дар китф ба кундаи дарахти ҷангалаки лаби дарё (марзи қисмати Ватани мо дар ин сӯи соҳил) табарзанӣ дошт. Ҷавонмарде шерсина аз хайма париду табари афғониро бо як силтави Рустамона канд  аз дасти чаповулчӣ.

-Эй бародар, набур дарахти сабза! Вуболи азимайе, намедонӣ? — фарёд кашид соҳибватан. — Ина, мусалмонӣ!..  Ҳай, ҳай, мо боз рӯмона ба давлати исломӣ гардондем, дили мо ба ту, дили ту — гурги саҳро!

Меҳмони дузд, ки мавриди гурезогурези мардуми бесомони паноҳҷӯю фурсати қулай ёфта ба ин сӯи дарё паи яғомгарӣ омада буд, бо хашми гургона шӯрид.

- Чӣ мегӣ, ту, мурдор? — Ва калашникашро аз шона кашиду шараққос занонда ба рӯи ҳамсафари мо мил рост кард ва носазоҳо рехт:

- Чӣ ба кор аст, и мурдарег ба ту? Ба мулки мо фирор дорӣ, пешониқоқ, и дарахта соябон мебарӣ? Ма-ку ҳезумкашӣ омадам, медонӣ, аз хотири алавӣ, э хасис!..

- Ман ба мулки ту харобкорӣ намеравам, ҷиннӣ! Набур гуфтам, набур моли Ватани моро. Насиби ман кадом хокдоне, ки бошад, бошад. И дарахт монад дар хоки диёрам. Соҳибе пайдо мешавад. Кӣ гуфт, ки и замин холии холӣ мемонад? — афзуд ватандор ва табарро ба ҷӯши дарё ҳаво дод. Афғони бехун бо калашникаш ҷавоб гардонд.

Он рӯзи шум, ки ҷангдозони нохушдорамон аз бурунсӯ сармасти намои гурезониву парокандагиву хонадарпуштии мо нӯшини фатҳ мекашиданд, бо авҷи чақ-чақи соғару дудғулаи чилимкашӣ ҳамқадами бетолеи мо варшикастаи дардҳои сӯзонтари тири тақдир гашт. Аммо бо пойи ҷароҳатноки лангон ҳам дар ҳама афту дарафтҳои рӯзгори бесозу барги муҳоҷират он бархӯрдашро на бо нолиш, балки бо нозиш ёдоварӣ мекард ва пирӯзии сутург мегирифт он нафасеро, ки дастикам як сабз­дарахти ниёхоки азизашро аз шикаставу буриши ғосибе амон бахшид. Бо оташе аз шаҳри банди ҷигар.

Аз он саҳнаи шукуҳманди дидори комёби Пешвои муаззам 2 сол сипарӣ шуда, вале банда ҳанӯз ҳам хаёлан тандиси он поймарди муҳофизи як дарахти Ватанро мебинам, ки фишору ҷунбиши танготанги таҷаммуи мардуми дер боз шавқманди ин мулоқотро фарх карда, сар кашида, рӯи нуронӣ, гуфтори муҳаббатрез, даъвати некусозӣ гурдмарди наҷотбахшашро серӣ бар оинаи чашму дил тасвира мекашад ва ба шукронае, ки ин шаҳриёри донои розу ниёзи халқи хеш, меъмори сохтану будани ҷамъияти сарафрози тоҷикона ӯро ҳам ба зодбуми аҷдодӣ боз овард ва аз озодиву ошноиву осоишу хонаободӣ бархӯрдор сохт, дарди пойи захмин, доғи синаи аз рӯзгори ғурбатӣ рӯ задаро шифо мебахшад.

Ғамхӯрдаро нотавон набояд шумурд. Ин пазиришро муътабар бояд шумурд, ки дар садри роҳбарӣ бо зеҳни табъан озодихоҳи мо, бо зарабони дили беозор сулҳомӯзи мо, бо дидаи зебоҷӯйи мо Эмомалӣ Раҳмон зиндагиро мувофиқ сохт. Ӯ тавонист дар биёбони гирдбодҳои моҷарои зӯру заиф, аносири фосид, нақшаву ақидаҳои дар торикиҳову пушти пардаҳои сиёҳ ҳаракаткунандаи мориву сори одамибарандоз, падидаҳои булаҷабу ҳайратовари маҳалгароиву муталошиву мансабпарастӣ чароғи раҳёбе шавад ва чашмаи Хизри шоиста зистани миллатро пайдо кунад ва аз маҳлакаи нестбодӣ бираҳонадаш. Таъриху шоҳкориҳои фарҳанги миллатро хотирхоҳи поксозиву эҳёи давлати навин, Ватани ободон рӯи кор баровард. Тоҷикро бар маснади тоҷикият шинонд.

Чӣ касон мехостанд: ману ту Мо нашавем! Тақрибан миёнаҳои августи соли 1997 родиёи Би-Би-Си қар-қари зоғи гулӯгоҳи Маҳмуд Худойбердиеви хоинро чунин парешид: «Ҳазор сол пеш бобоям Маҳмуди Сабуктегин камарбандашро басту салтанати сомониҳоро сарнагун  сохт. Имрӯз он камарбанди бобоямро ман дар миён бастам ва давлати лӯхтакмонанди тоҷиконро ба нестии абадӣ мерасонам». Дӯсти ҳампаҳлуям Умаралӣ, марди воқеъбин нидои сард дод: «Хоки гӯра хӯрдӣ, эй дурӯяи намакнопосдор!».

Шукурҷон Зуҳуров — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳде, ки раиси ноҳияи Панҷ буд, огоҳона, ифтихорманд ибороти Пешвои мо, Пешвои миллат, Пешвои рӯшанбинро, қариб ки дар ҳама гуфтугӯҳои рӯёрӯяш чун зебоии пок садое бар салоҳе меафзуд. Ин дарёфт, дар ҳоле ки он айём гуфтугузор гирди ному шахсияти Президент афрӯзае чунин буд: «Ҷавонмарди серғайрат, роҳбари ҷавони донодил», «Ҷавонмарди муборакқадам», «Бузургмарди бунёдкор», «Тавонои  давлатсоз», «Ватандӯсти ботадбир» …

Имрӯз халқи Тоҷикистон вожаи «Пешво»-ро фаротар дар забону ҷону ормони хуши миллат фурӯзонида.

Аз ёдвораҳои Шукурҷон Зуҳуров ин бардоштамро хеле арзанда медонам:

«Дар маърази вохӯриву суҳбату кору натиҷагирии расмиам бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳали сафари сулҳбандӣ ба минтақаи Хосдеҳи Афғонистон гавҳари ватанмардиву қаҳрамонхезиашро рӯшантар дидам. Гуфтушунид 10-11 декабри соли 1996 бо кафолати Президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва лашкаркаши зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор гашт.

Афғонистони онрӯза дар ҳолати ҷанги шадиди шаҳрвандӣ қарор дошт. Дар ҳавову замини Хосдеҳ гулӯлаборон мерехт. Касе оромиши хотир надошт, ки ин сафар ба мамлакати ҷангисарон бо хайру хуш гузарад. Ин ибтикор боз дар дили нохайрхоҳон алов рехта буд ва нооромашон карда. Вале Президент як гап дошт: «Ҷони худро қурбон мекунаму аз ин роҳ намегардам».

Чархболи мо дар фазои Хосдеҳ ду маротиба гирд гашт, аммо иҷозат бар фурӯд намерасид. Амр шуд, ки чархбол пас гардад. Аммо дар ин лаҳзаи ҳассос амри Президентамон ҷасуронатар садо дод: «Пас намегардем, пас намегардем!» Ва бо амре диловаронаву бебок фуромадем ба замини ҷангхӯрдаи Хосдеҳ. Аммо аз мизбонон дарак набуд. Тақрибан ним соат кӯҳе дар миёнаи дарё будем. Сардии мухатарот, навмедӣ, хавфу фиреб, носозиву ноомади кор тану ҷонро меларзонд. Вале дар симои Роҳбарамон ҷилои умедафрӯз, пурдилӣ, тоқату тавонмандӣ белағзиш метофт.

Дар ҳамин ҳол чархболи мизбонон — Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳайати мухолифини мо фуруд омад ва дидам, ки чеҳраи Президентамон бо ҳамон «бовар кунед»-и шуълавараш ба нурпошӣ даромад. Итминон ҳосил кардам ин ҷавонмарди фарзона,  воқеан, омодагӣ дорад, ки ҷонашро бахшаду барои тоҷикону тоҷикистониён осудагӣ, сулҳу Ваҳдат бихарад.

Рӯзу шаби он ҷо будан ором надошт Роҳбари мо. Ба қавле, аз оташ гул меҷуст. Бо чеҳраву либосҳои чангхӯрда, рӯи кӯрпачаи фарсуда ва сари пиёлаи чойи сард бо меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, тадбирҷӯии пурмасъулияти таърихӣ бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ салоҳи кор меандешид. Бар давои дардҳои рӯзгоролуди миллат дармон меофарид. Ва дарёфт дастагули хушбӯи сулҳнишонрову дод ба дасти ҳамдиёрони ғурбатзадааш, то ки онро чун машъали пирӯзӣ дасти ба даст ба хоки аҷдодӣ биёваранд.

Камина мавриде хотироти рӯзгори ғарибгардӣ, қазоёи тақдири ҷанги шаҳрвандӣ, сипосу дурудамро ба Қаҳрамони сулҳу ваҳдатофарин дар рӯзномаҳои «Минбари халқ», «Садои мардум» ва бархе  расонаҳои дигар нашр кардам. Аммо сари ин навиштори навбатӣ маро навозиши дӯсте шинонд. Ангорае фаҷеъ аз дори ғурбат қисса хондаму ӯ меҳрубонӣ кард: «Ака, шукри Худо, ба Ватан баргаштӣ, дунё тинҷу дастархон пур, бихӯру бигард бе ғам».

Эй меҳрубонтарин дӯст!

Сӯзҳо намемиранд,

Ёдҳо намемиранд,

Бадиҳо намемиранд,

Некиҳо намемиранд,

Оташи мардӣ намемирад…

Кадом яки ин фоҷеоти фирор фаромӯш мешавад: бачапартоии 90 фисад занони ҳомилаи муҳоҷир аз асорати бомба ва шуввоси даҳшатноки сақилаи ҷангбарангезони дохилии Афғонистон? Он панҷ тани мурдаи яхбастаи муҳоҷири тоҷик, ки аз гарданаи ағбаи урён ёфт шуданд (либосу колову охирин дору мадорашон дар борхалтаи роҳзанон гиреҳ хӯрда)? 6 нафар духтари тоҷики (ин ҳисоб ба гузашти рӯзҳо шояд хеле афзуда) дар шаҳри Қундуз зӯран ба бегона забонмардони бадкирдори камонгардон ҳамхоба шуда? Чаҳор нафар мардони аловиғундори аз таркиши майн сар ба хоки биёбон монда?…

Аз маҳлакаи ағбаи дигаре раҳгузарон ҷасади шахшудаи мардеро ҳамроҳи зану се кӯдаки нимҷонаш фароварданд. Номурод ҷомаву колои танпӯшашро аз худ бадар карда, ба гоҳи бохти ҷон ба тани аёлаш гармие печонида.

Муҳоҷири хайманишине нисфи шаб чашм кушояд, болои сараш осмони ситорадор меҷунбад. Ҳаросон аҳли оилаашро аз хоб хезонд, то ба ин муъҷизаи таги хайма бипайванданд. Ҳамсари баҳушомадааш яке фарёд кашид: «Э мардак, хайма нест, рӯмон луч, во сари дар афтовмон!»

Нобуди ин сарпаноҳи камёби чӯл муҳре аз мурооти «меҳмонхушбош»-и дуздони ватандор шинонд дар дили мо.

Чӣ гуна аз даричаи хотир мебарояд ин таровати банди устухон, ин хор, ин варам, ин харош, ин доғи музмини бедавои дил?

Дар дашти ҳамканори Мазори Шариф — мақари муҳоҷирони мо-«Кампи Сахӣ» воқеъ буд. Ҳиссае аз ин ғарибон рӯзи дароз қад-қади роҳи калон хоку сангреза бод медоданд, нишоне, ки ба чашми роҳгузарон раҳрӯбу хидматгор битобанд ва ё бинамоёнанд худро чун муҳоҷири муҳтоҷ. Аз тирезаҳои утобусу мутарҳои боркашону шахсӣ подоши онон ин буд: як пайса-ду пайсаи партоби хайротӣ. Чӣ талошакеро надидему наозмудем болои ин ризқи сангини бидаву бигир ману Қосимҷони шарикам, ки ба дидори ақрабои шаҳритусиамон сафар доштем. Писарбачаеро ногаҳон чархи мошин зад ва беҷон кашидандаш аз он муҳлик. Ғарибмарг 13 сол дошт!

… Мазори тоҷикони ғарибмури хоки Афғонистон пуронури гӯртеппаҳои дам аз дарду дареғ, захму нола ва шохи шонаҳову сандуқи синаҳомон моломоли тобуту наъшу ашки ҳасраттоби ҳамдиёрони ноумед, беватанхуфта монд, ки монд. Тирхӯрда ҳам рафту ғамхӯрда ҳам. Доманаву табларзаву зардпарвину исҳолу.. ҳама маризиҳои дунё кушанда шуданд тоҷики ватанбеморро. Ҳай дареғ, ҳай дареғ. На касе аз онон ифротӣ буд, на сияҳкор, на мансабталош.

Доғи хонавайронӣ, кӯлабори гурез, ду дасти дуоҷӯ ва хокдони дурафтодаи бе зиёрату ниёиш насибашон буда!

Тайи солҳои тӯлонии даргир мардуми Афғонистон то шиллики «Толибон» беш аз якуним милён тани хунчаконро дар муқобили тааррузи артиши шӯравӣ ба дори нестӣ фиристод ва ҳазорон ҳазор тирхӯрдаи бе дасту пову нимтанаро ҳамчун дарди дили бедаво бо худ мегардонд. Тақрибан 5 милён афғонҳои хонабардӯш бар асари талхтарин моҷароҳои дунёпешкуни абарқудратҳои ҳариси ҷаҳон ва сангаршиканиҳо барои озодиву хокдорӣ дар диёри ғурбату оворагӣ ҳилла мезистанд.

Аммо бурузи «Толибон» дар синаи кишвар даҳшаттарин гирдбоди хуну исёну гурезоӣ ва хонапарониро барангехт. Ва қазоёи тақдирро бинед: рӯзе, ки «Толибон»  Кобули ниме хоктӯда бехтаи Гулбудинҳоро ба тасаллут дароварданд, дар мадорису маъракаву ҳамоишҳои тарафдоронашон ба хайр давраҳои шириничашонӣ оростанд. Ба дасти мо, ҷамъе ҳам қанфитҳои камёб часпонданд, аз шодие, ки ислом бар куффор пирӯз гашта???

Ҳай вой! Магар давлати исломии аҳди Президентии яке аз шайхони бузурги ҷаҳони мусалмонӣ устод Раббонӣ мувоҷеҳи сохтори кофирӣ буд? Ва чӣ гуна исломи «Толибон» бар чӣ гуна куффор пирӯзӣ ёфта? Дар ҳоле ки устод Раббонӣ яке аз муфассирони ҳозиразамони Қуръони пок шинохта шуда ва лашкаркаши таҳамтан Аҳмадшоҳи Масъуд — вазири дифои вақти Афғонистон ҳофизи мукаммали ин каломи илоҳӣ. Э не! Хок бар сари ақидаҳои душманибарангези аҷониби нохайрхоҳи миллати афғон!

Бузургмардӣ ва пешвогарии барҷастасози Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом бояд вирди забон бошад, бо садои шукргузоре, ки ӯ фарёди сӯзноки ниҳонии ниёгонро шунид, миллати тиҳидастро вораҳонид, дифоъ аз армони тоҷикият кард.

Дар ҳавошии идроку овозҳои шукронаву миннатдориву меҳргустарӣ ба шахси Пешвои миллат шарҳу баёни ногуфта ҳанӯз бисёр аст. Ибтикори ӯ сармояву перояи чароғи раҳёбӣ, оғуши муҳаббатфишори миллати муташаккири мост.

Аз ёфтаҳову бардоштҳоям ва баҳои шинохтатарин ҷомеашиносону сиёсатмадорону таърихдонони кишвар ва хориҷи он нақши бузургсоз, қаҳрамонии навбатӣ, шоҳкории фарҳангиву бедории рӯҳи тоҷикӣ эҷоду иҷоби китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» (Душанбе, «Ирфон», 2009) мебошад.

Ин китобест қазовати дилмардии ҷасурона, воқеъбинонаву воқеънигории бихрадонаи зиндагиву тобандагии халқамон тӯли умри беш аз 5 ҳазорсолааш. Ин китоб шаҳодатномаест фаҳми ҳарифонро ҳамгиро месозад дар тариқи мавҷуд шинохту мақоми тамаддунофару пайдогару некуманди халқи тоҷик. Пайкараи шуҷоату пештозиву пирӯзмандии халқи шарифашро менамоёнад.

Дар саҳнаҳои рӯзгори пурталотум муҳрагардони тасбеҳи хотираҳои дидаву шунидаву хондаву карда захмҳои пову дилро чун бо пуфе ба лахчаи бехоб рӯшан месозанд. Одатан, дар ин маврид ба хониши «Шоҳнома» ё «Маснавӣ», ки ҳар ду давопанд, давоёр, аниси лаболаб аз нӯшханди фатҳу отифаву ишқанд, бод медиҳам ҷону тани доғдидаро. Ва инак, рӯи дастам шаҳкории навин мисли «Шоҳнома», «Маснавӣ», готҳои ҷовидонсози «Авасто» китоби ҳамеша кушодаи «Тоҷикон дар оинаи таърих» салом мехонад.

Бале, ин китобро доиман кушода дидан хоҳонам. Бе тамаллуқ, хостори шунидани овози поки ҳақиқат, молиши ангушти табиби шиносотару ошнотар ба дардҳову заъфҳо дилам намемонад, ки бипӯшамаш, сих мезанад, дар мегирад.

Дар намои рангҳои рӯшани хутути ин китоб тандиси шерёлу бозуи ҳамсоямуҳоҷирамро бозёб мекунам, ки дар чӯли сӯхтаи қоқ бо бурузи фарҳодӣ теша заду теша зада то умқи 55 метр об кофт.. Хун аз бинияш баромаду оби зулоли ҷонбахш аз чоҳаш.  Қиссаи Фарҳоди тоҷики обфурор афсона набуда.

Воқеан, «Тоҷикон дар оинаи таърих» худ оинаест чун ҷоми ҷаҳонорои Ҷамшедшоҳ. Аз қуруни дур то ба имрӯз ин оина аз банди гирифтории садҳо масдуда, маҳдуда, маҳрумаҳои зиндагибарандоз, саркашиву қадкашии миллат, мавҷи хуни қалби гарми тоҷиконаро менамоянд. Дилам намешавад, ки ин китобро пӯшида бошад, ки мабодо ягон нақши ситезу овезу овози ҷаҳонфарёди падари падарам, ормонҳои хуҷастасозу пояндасозу қаҳрамонпарвари модари модарам бе ҷалби назар монад. Ормонҳову амалҳои шоистаашон дар дилам нишинад, салое бар садои огоҳиву худшиносӣ.

«Тоҷикон дар оинаи таърих» ба чандин саволҳоям ҷавоб, ба нодидаҳоям диданӣ, ба нашунидаҳоям шуниданҳо, ба нохондаҳоям хонданҳо додан дорад. Назари воҳид, бузургии ҳамагир, созандагии фикрӣ, тарбияти зеҳнӣ, даъвати ошноиву парастиши зебоиву густариши хайру салоҳ ва дарёфти ҳамон оташи раҳёби гуфтаам ба тарафи эҳё ва дунёбохабарии миллати азизам таҷассум ёфта дар ин навиштори арҷманд. Аз саҳнаҳои кӯргарди тозишу шиҳаи аспони бегонагон бӯи паҳноҳои ҳосилхези Бохтару Суғду Хоразми бостониро мешамонад ин осори гироминигор. Ҳиҷрату кишваркушоиву тамаддунбахшиву шаҳрсозиву неъмати ватанпарастии ниёкони Ҳинду Аврупоро гӯшраси ҷаҳониён месозад, овои забони хуши баҳамоварии чӣ эронӣ, чӣ тоҷикӣ, чӣ афғониву покистониву соири порсигӯёни ҷаҳон аст ин китоб. Бо забони хушоянду хотирнишону пайвандгару сулҳбанди тоҷикии нави имрӯза.

Чароғи ҳидояту иноятҳои зиндаву тобанда будану боқӣ мондани як халқи шарифро ба номи тоҷик мебинам, аз саҳафоти арзишманди ин ганҷинаи шойгони ҷалӣ ва зиндабод мегӯям. Ва мароғи муғризону дилфиребони ниқобпӯш, хунхӯрону бадманишону палидони ҷиноятрешаро мебинаму нест бод мегӯям. Чашми моро бо сари волову сутург рӯи оинаи майҳан мекашад ин китоб. Дар ҷустуҷӯи решаҳо ва тариқи дарҳам шикастани пайкараҳои истеъморгарону истиқборгарон дарси таҳамтанӣ меомӯзонад. Ақли моро ба ҳайси баровардаи озодибониву саодатёбӣ, соҳибӣ кардани диёри пурнеъмат парвариш медиҳад, бо талошу ташаббусҳои бузургу ҳамагираш тавонотарин Қаҳрамони Тоҷикистон эҷодгари «Тоҷикон дар оинаи таърих», Пешвои миллат.

Илтифот дорам, муроот дорам, хостаҳои ошноӣ дорам: ин Шоҳкори маънавии пояндасоз, сармояи шедгунаи худшиносиву огоҳиву мақомгироро бихонед, бихонед, боз ҳам бихонед, эй ҳамватан, эй ҳамзабони бурунмарзӣ, эй дӯстону хайрхоҳон ва … ҳатто ононе, ки то имрӯз буду шинохту дурахши гавҳари зеҳнии моро чун падидаи нокирову нохушомад мепиндоштед.

… Худо ҳозир, бемуболиға, имрӯз зодбуми панҷиёни дубора ватанёфта (тақрибан 80 фисади ин мардумро сели пуртуғёни ҳайҷои шаҳрвандӣ ба бурунсӯи он тарафи Омӯ пароканда карда буд) бо печишу тобиши ситораҳои Истиқлол, Сулҳу Ваҳдату Давлатмандӣ чеҳра барафрӯхтан дорад. Анқариб нисфи онон, ки сокинони хаймагии бодгазаҳои беоби Қундузу кампи Сахиву Хонободу Боғи ширкату … буданд, имрӯз соҳиби калонтарин манораи оббарории Осиёи Марказӣ шуданд. Он Фарҳоде, ки дар гӯшаи Тайёрамайдони Қундуз аз қаъри 55 метр мояи ҳаёт бардошт, хотири ҳамватанони оташлабаш низ дар ҳамоиши шодирези ифтитоҳи ин обдони азамат ҳузур дошт. Ман ӯро дар ин идгоҳ дидам бо чашмони пур-пури ашки шодмонӣ.

Раиси ноҳияи Панҷ Муҳаммадюнус Сайфиддинзода дар маҷлиси ҳукуматӣ хушхабаре расонд: «Дирӯз сари як даъват 60 нафар ҷавони ноҳия ихтиёран бо камарбанди аскарӣ дилсупурдагии худро ба Ватан ошкор сохтанд. Намои номусу шарафу вафодории ҳамаи мо, панҷиён, аст ҳамин як манзури бохабариву эҳтишоди хоксорона дар пешгоҳи масъулияти ватанбонӣ. Сари ин мисол мехоҳам хотирхоҳе аз мухотабаҳои зиндагиафрӯзи Пешвои миллат ба такрор бихонам, ба виростаи ин маънӣ: халқу мамолики бисёре дар ҷаҳони айнӣ таҳти ситаму зарбу таҳдиду фоҷиаҳои ҷангу ҷӯши хунин неъматҳои озодиву осоишу оромиши дунёиро намебинанд ва ё фаромӯш кардаанд. Шукри беҳад, ки мо тоҷикистониён аз ин неъматҳои зинатбахши ҳаёт бархӯрдорему хушдилем. Ин падидаҳои шуълаварро бегазанд, то ҷовидон бо ҳастиву ҳамдастӣ, тавоноӣ нигоҳбонӣ боястӣ».

Чор ситораи нуронии саломативу беҳрӯзгорӣ — Истиқлол, Сулҳ, Ваҳдат ва Давлатро халқи заҳматқарини мо бо ковишҳову ҷонфидоиҳои  ниҳоят зиёд рӯи сар тобандагӣ бахшидаанд. Пешвои ботадбир дастобадаст бо ҳамватанони қудратманд, дигаргунсоз, нурофарин боз дарёи Вахшро сӯи рӯшанию оташи созандагӣ раҳгардон сохт. Роғун рӯшани рӯшанон мегардад.

Мағзи гап ин, ки ҳамаи мо сарҷамъ, хотирҷамъ, бо пешонии кушода нурро бибӯем, нурро бибӯсем, нурро билесем, аз оғӯш нафурорем. Нобоварон, нохушдорон, берӯву бедидаҳо, нохушгӯёну ноошноён, каҷ кунед аз роҳи мо! Беҳушону хобзадаву туфайлихору донотарошу чавкимаобони бебаргу бор, сари роҳамон набароед, набароед! Вақт муносиби шумо нест.

Ормонҳои оташин, номусҳои оташин, саломҳои оташин, корсозиҳои оташин, зӯриҳои оташин, оташи синаҳои мардони марди мо нисори хоки поят, Ватани сулҳу озодиву ягонагиву давлатёр!

Мирзо НАБОТ, собиқадори матбуот, ноҳияи Панҷ