Боғи «Дӯстии халқҳо» ба номаш муносиб хоҳад шуд

№45 (3839) 12.04.2018

41383435841_e352d5047d_o11 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» шинос шуданд.

Боғи «Дӯстии халқҳо» соли 1972 таъсис ёфтааст ва майдони умумии он 30 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин дар масоҳати 5,9 гектар наҳри равон мавҷуд аст. Наздик ба 90 нафар коргари доимӣ ба нигоҳубини боғ ва корҳои ободонӣ машғул мебошанд.

Дар даромадгоҳи қисми ҷанубии боғ муҷассамаи барқади шоири классики тоҷику форс Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ мавҷуд аст, ки соли 1989 гузошта шуд.

Корҳои ободонию азнавсозӣ дар боғи «Дӯстии халқҳо» ба зиммаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вогузор шудааст. Боиси қайд аст, ки то ба ҳол дар он корҳои назаррас анҷом ёфтааст. Аз ҷумла, зимни азнавсозии боғ бо тарҳи нав дар масоҳати 41 ҳазор метри мураббаи роҳравҳои марказӣ ва дохилӣ тахтасангҳои ороишӣ чида, майдони 4, 2 гектар кабудизор карда шудааст. Барои сабз нигоҳ доштани алафзор 3200 адад обпошак насб гардидааст.

Ҳамчунин, дар масоҳати 10 ҳазору 880 метри мураббаъ корҳои сангчинӣ дар канори наҳри дохили боғ, шинонидани 160 адад курсӣ, 500 адад таҷҳизоти равшанидиҳанда, бунёди 2 даромадгоҳ, 35 ҳазор дона гулҳои ороишию мавсимӣ иҷро гардидааст.

Барои ободонии муҳити зист ва ба як мавзеи дилфиреб табдил додани боғи «Дӯстии халқҳо» бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон 6 ҳазору 468 адад дарахти гуногун, аз ҷумла 276 соснаи қримӣ, 7 адад липа, 4 каштан, 298 сарв, 32 дуб, 49 клён, 5 пихта, 5 чормағз, 24 сос­наи санавбар, 129 каталпа, 45 гулу буттаи сирен, 265 сафедор, 151 кипариси аризонӣ, 60 бодом, 41 армуғон, 22 барбарис, 47 кактус шинонида шуд.

Иқдоми азнавсозии боғ аз дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат бармеояд, ки ба хотири ба як шаҳри дилоро табдил додани пойтахти Тоҷикистони азиз мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо коргарони боғи «Дӯстии халқҳо» онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят карданд.

Дар майдони 2,31 гектари боғ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 варзишгоҳи хурди муосири футбол, теннис ва майдонча барои бозии кӯдакон бунёд карда истодааст.

Лоиҳа аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз» таҳия гардидааст, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафо як» иҷро мекунад.

То имрӯз боғи «Дӯстии халқҳо» идораи маъмурии мувофиқ надошт. Акнун аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо майдончаҳои варзишӣ бинои замонавии маъмурӣ барои кормандони боғ сохта мешавад, ки он аз 4 утоқи корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва ҳаммом иборат хоҳад буд.

Дар ду тарафи даромадгоҳи боғ бо 500 ҷой таваққуфгоҳ барои мошинҳо бунёд мегардад.Инчунин, бунёди толори роллердром дар назар аст.

Фармоишгари бунёди бино Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуроб» ва лоиҳакаши он Ҷамъияти саҳомии кушодаи САНИИОСП мебошанд.

Иншооти мазкур дар масоҳати наздик ба 1 гектар бунёд хоҳад шуд. Дар ду ошёнаи он майдончаҳои роликтозӣ, бозиҳои компютерӣ ва мағозаи фурӯши либосҳои варзишӣ бо қаҳвахонаҳо дар атрофи бино сохта мешавад.

Толори роллердром ба маблағи 2 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд ва дар рафти сохтмон 50 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо корҳои анҷом­ёфта ва лоиҳаи тарҳи азнавсозии боғ ба хотири ба як боғи ҳақиқии дӯстӣ табдил додани он ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастур доданд, ки корҳои ободонӣ, чароғонкунии боғ ва дигар тадбирҳои созандаро вусъат диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар боғи «Дӯстии халқҳо» як амфитеатр бо 1 ҳазору 500 ҷойи нишаст сохта, пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намоянд.

Супоришҳои дигар барои таъмини боғ бо техникаи обпошӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дода шуданд.

Ҳадафи азнавсозии боғи «Дӯстии халқҳо» дар ноҳияи Фирдавсӣ идомаи корҳои созандагӣ дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатӣ дастур доданд, ки минбаъд масъалаи нигоҳубини боғҳои азнавсозишуда дар мадди назар қарор дода шавад, то ин ки онҳо солҳо барои мардум хизмат расонанд.

www.president.tj