Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ба истифода дода шуд

№106 (3900) 30.08.2018

44325242571_a8eb6f269d_oШоми 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.

Дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта буд, бо гузашти солҳо атраксионҳо ва  дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд.

Корҳои навсозӣ дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» тибқи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида буданд.

Ҳудуди боғ 3,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шуд. Барои чароғонкунии он бошад, 267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб гардидааст.

Ҷиҳати сарсабзу хуррамгардонӣ дар боғ зиёда аз 500 бех дарахти нодири сояафкану ороишӣ шинонидаанд.

Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғро зебою назаррабо гардонидаанд.

Як фаввораи бузурги бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фаввораи хурди боғ бо чароғҳои ранга муҳити атрофро  ҷаззоб месозанд. Инчунин, таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки Ватанро танҳо метавон бо садоқату вафодорӣ ва хизмати содиқона пойдору пешрафта гардонд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти истироҳатию фароғатӣ бунёд ва навсозӣ гардида, дар онҳо барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда фароҳам оварда шуд.

Мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе бо зебоии ба худ хос, воқеан ҳам, диққатҷалбкунанда мебошанд.

Фаввораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо, дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ ба боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳусни нотакрор бахшидаанд.

Бо шинонидани 70 адад курсии гуногун, ташкили гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар, олами вуҳуш, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот иншооти мазкур боз ҳам диққатҷалбкунанда гардидааст.

Дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд ва барои машқҳои шиноварию саёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ дастрас карда шудааст.

Вусъати бесобиқаи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахт — шаҳри Душанбе тағйир ёфта, дар мавзеъҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонон хизматрасонии босифат ба роҳ монда шавад.

Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» минбаъд бо шароити мусоиди истироҳату фароғат дар хизмати сокинону меҳмонон қарор гирифта, ба ҷойи дӯстдоштании онҳо табдил хоҳад ёфт.

www.president.tj