Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад

№77 (3871) 23.06.2018

28045648467_1d7d445345_o20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Бонки ҷаҳонӣ дар қатори созмонҳои фаъолтарини ҷаҳон дар татбиқи ташаб­бусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об саҳми арзанда мегузорад.

Аз дастгирии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, нақлиёту роҳ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дастгирии соҳаҳои кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, маориф, инкишофи инклюзивӣ, мукаммалнамоии идоракунии молияи давлатӣ аз афзалиятҳои ҳамкорӣ номида шуд.

ҳамчунин таъкид гардид, ки барои кам намудани хавфҳои фискалӣ минбаъд низ зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ муҳим аст.

Ҳар ду ҷониб инчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

www.president.tj