Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 22 июли соли 2021
Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозон!
Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Ба ифтихори ин санаи тақдирсози таърихӣ ҳамаи шумо – афсарону сарбозони далери Ватан, тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибихтиёрро самимона табрик мегӯям.
Боиси қаноатмандист, ки ҳоло сокинони Ватани азизамон ба хотири таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ сарҷамъу аҳлона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.
Таърихи сисолаи даврони соҳибистиқлолии Ватанамон, возеҳан, собит намуд, ки мо – тоҷикон мардуми таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар ҳастем, ки ба шарофати ҳамин хислатҳо аз гирдоби даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта раҳоӣ ёфтем.
Дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза таҳкиму тавсеаи чунин хислатҳои неки халқамон, бо ҳамин роҳ ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ барои давлатдории мо аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.
Дар баробари ин, таъкид ва хотирнишон месозам, ки мардуми мо хушунату зӯроварӣ ва ҷабру зулми дигаронро ҳаргиз қабул надоранд ва мо барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва осоиши ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода мекунем.
Дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳими амниятӣ, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қарор доранд.
Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки вазъи кишвари ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст. Чунин ҳолати мураккаб дар 43 соли идомаи даргириҳои дохилӣ дар Афғонистон бори аввал ба вуҷуд омад.
Барои рух додани чунин ҳодисаҳои фоҷиабор мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих, тамаддун ва фарҳанги бостонӣ мебошанд, гуноҳ надоранд. Ин равандҳои харобиовар натиҷаи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии ин кишвари ҳамсоя аст, ки беш аз чил сол инҷониб идома дорад.
Мардуми Тоҷикистон чунин бадбахтӣ, яъне, дахолати хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарониданд ва оқибатҳои вазнини онро то ба ҳол бартараф карда истодаанд.
Дар натиҷаи ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони мо ба ҳалокат расида, 50 ҳазор нафар кӯдакон ятим шуданд.
Бо дарназардошти чунин таҷрибаи талхи таърихӣ, мо ҳеҷ гоҳ ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем.
Ҳамчунин, қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем.
Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем.
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад. Бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем.
Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ман даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштам.
Ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад.
Мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих ва арзишҳои бостонии фарҳангӣ буда, сарзамини онҳо ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни башарият эътироф шудааст ва ин мардум ба аҳли башар даҳҳо ва садҳо нафар шахсиятҳои фарзонаро додаанд, бояд тақдири имрӯзу ояндаашонро ба дасти худ гиранд.
Тарзи идораи давлат ва сохти давлатдорӣ дар ҳамаи кишварҳои соҳибихтиёр, аз ҷумла, дар Афғонистон, бояд танҳо бо хости аксарияти мардум ва иродаи шаҳрвандони он муайян ва муқаррар карда шавад.
Вале, мутаассифона, чанд даҳсолаи охир чунин мардуми соҳибтамаддун бо доштани садҳо ва ҳазорон олимону донишмандони маъруф, шоирону адибони машҳур ва сиёсатмадорони ботаҷриба қурбони бозиҳои геополитикӣ мебошанд.
Бинобар ин, вақти он расидааст, ки сиёсатмадорон, роҳбарони ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ, аҳли зиё, шахсиятҳои обрӯманд ва кулли сокинони ин кишвар муттаҳиду сарҷамъ шаванд, Ватан, давлат ва миллати худро аз нооромиву парокандагӣ наҷот диҳанд.
Дигар ин, ки мардумро қурбони кашмакашу низоъҳои ҷоҳталабӣ ва курсиву мансаб кардан кори беҳуда аст ва оқибатҳои хатарноку фоҷиабор дорад.
Ман ин суханҳоро аз таҷрибаи талхи солҳои 90-уми асри гузаштаи таърихи халқи Тоҷикистон мегӯям. Зеро яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз талоши баъзе сиёсатмадорон ва роҳбарони як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ барои курсиву мансаб буд. Дар он айёми фоҷиабор қариб буд, ки давлати тоҷикон аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардида, миллати тоҷик пароканда шавад.
Беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо аз тарси ҷони худ ба мамолики гуногун, аз ҷумла, садҳо ҳазор нафари онҳо ба кишвари ҳамсоя ва дӯсти Афғонистон, гуреза шуданд. Чунонки миллионҳо нафар шаҳрвандони Афғонистон солҳост, ки беватан ҳастанд ва дар даҳҳо мамлакати дунё, дур аз ватани аҷдодӣ ва хонаву дари худ умр ба сар мебаранд.Мардуми Афғонистон, аз ҷумла кӯдакони бегуноҳ, занону пиронсолон бо чунин таъриху фарҳанги пурифтихор то ба кай қатл шаванд, аз хонаву дари худ маҳрум ва бесарпаноҳу сарсон бошанд ва ҳаққи табииву фитрии худро ба ҳаёти осуда ва зиндагии ором соҳиб шуда натавонанд?
Мардум дар ҳар куҷои дунё, аз ҷумла дар Афғонистон ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки ҳаёти орому осуда ва сатҳи зиндагии шоиста дошта бошанд, вале беш аз чил сол мешавад, ки онҳо аз ин ҳаққи худ маҳруманд.
Дунё дар ҳазорсолаи нав, яъне, дар замоне қарор дорад, ки илму техника ва технологияҳо бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд. Дар чунин даврони рушду тараққиёт зарур аст, ки барои таъмин намудани рушди давлат ва ободии кишвар мутахассисону кадрҳои замони нав – ихтироъкорону навоварон, муҳандисону меъморон, табибону омӯзгорон ва мутахассисони садҳо бахшу соҳаҳои дигар омода карда шаванд. Чунки пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҷомеаро танҳо мутахассисон ва кадрҳои замони нав таъмин карда метавонанд.
Дар шароите ки давлатҳои пешрафта ҳар рӯз ба кашфиёту ихтирооти нав муваффақ мешаванд, кишварҳои мо то кай дастнигари дигарон, яъне, давлатҳои пешрафта бошанд, аз доштаҳои худ барои тараққӣ додани илм, маориф, техникаву технологияҳо, босаводу соҳибмаърифат кардани миллат, рушди давлат, тарбияи кадрҳо ва обод сохтани мамлакат истифода накунанд?
Ман ин суханонро ба ҳайси Роҳбари давлате мегӯям, ки шаҳрвандони он азобу машаққат, ранҷу маҳрумият ва даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии бо дахолати доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ таҳмилшударо аз сар гузаронидаанд ва барои обод намудани харобиҳои он беш аз ду даҳсола аст, ки заҳмат мекашанд.
Ҳанӯз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, замоне ки дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, Президенти ҳамонвақтаи Афғонистон профессори шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, бо вуҷуди он ки дар қаламрави Афғонистон низ ҷангҳои шадид ҷараён доштанд, моҳи августи соли 1993 дар шаҳри Кобул барои баргузории сулҳи тоҷикон шароити мусоид фароҳам сохтанд ва моҳи декабри соли 1996 дар мавзеи Хосдеҳи вилояти Тахор бори дуюм низ чунин мусоидати бародаронаро анҷом доданд.
Онҳо ба хотири сулҳ дар Тоҷикистон миёнҷигарӣ карданд, ки дар натиҷаи ин иқдом дар раванди музокироти мо гардиши куллӣ ба вуқӯъ омад ва тақдири сулҳи тоҷикон асосан ҳал гардид. Яъне, шахсиятҳои барҷастаи Афғонистон вазифа ва дайни бародариву ҳамсоядории худро дар сатҳи баланд адо карданд, ки мо ин амали хайри онҳоро ҳамеша пос медорем.
Зимнан, мехоҳам як нуктаро таъкид созам, ки сиёсатмадорон ва шахсиятҳои обрӯманду соҳибтаҷрибаи ин сарзамини бостонӣ ва ин миллати тамаддунсоз бояд раванди сулҳро ба таври ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд, ба дахолати хориҷӣ нуқта гузоранд ва мардуми худро аз азобу машаққат раҳо созанд.
Ман дар яке аз суханрониҳои худ изҳор дошта будам, ки ҷанг даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтиву сиёҳрӯзӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист.
Бо итминон изҳор медорам, ки ин рӯзҳои сахти мардуми Афғонистон абадӣ нестанд ва умед дорам, ки дар Афғонистон оқибат ақли солим пирӯз шуда, дар ин кишвари ҳамсоясулҳу оромӣ барқарор мегардад ва мо бо ин давлати ҳамсояву дӯсти худ робитаҳои ҳамаҷонибаро тақвияту тавсеа мебахшем.
Тоҷикистон сӣ сол аст, ки дар самти барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон мусоидати беғаразона ва саъю талош карда истодааст ва омода аст, ки ин корро минбаъд низ идома диҳад.
Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа ба мардуми Тоҷикистон такроран таъкид менамоям, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!
Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои пешгирӣ кардан ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангии худро дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳо ба ин самт мебошад.
Мо боварии қатъӣ дорем, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне, марзбонони далеру шуҷои мо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне, ҳифзи боэътимоди марзҳои кишварамон бо сарбаландӣ мебароянд.
Субҳи имрӯз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ оварда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд ва 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки чорабинии зикршуда дар сатҳи баланд гузашт. Аз ин лиҳоз, ба роҳбарону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан, ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо боз ҳам кор кардан зарур аст.
Дар вазъияти баамаломада вазифаи муҳимтарини шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ин аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва ба Ватан, давлат ва миллат содиқ бошед, интизоми оҳанин, рӯҳи матин, иродаи қавӣ ва азми қатъӣ дошта бошед.
Шумо ҳаргиз фаромӯш накунед, ки хизмати содиқонаву ватандӯстона ва ҷасорату далерии шумо аз ҷониби Давлату Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамеша ва ба таври шоиста қадрдонӣ карда мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо, яъне, фарзандони ҷасуру далери мардуми тоҷик дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ на як бору ду бор вазифаҳои хизматӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи тоҷик ҷавонмардонаву сарбаландона иҷро кардаанд.
Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар – Ватанро баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад!
Танҳо чунин муносибат, яъне, садоқати ҳар яки мо ба Ватан ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад.Аз ин лиҳоз, ба тамоми роҳбарони сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти мамлакат бори дигар муроҷиат менамоям, ки ба хотири ҳифзи истиқлоли Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва марзу буми он ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва номи пуршарафи ҳомии Ватанро дар шароити бисёр мураккаби имрӯза боз ҳам баландтар бардоранд.
Ҳамчунин, ба ҳар яки шумо – афсарону сарбозони шуҷоъ таъкид месозам, ки ҳамеша дар паҳлуи ҳамдигар бошед ва дар ҳама ҳолатҳои душвор якдигарро дастгирӣ намоед.
Барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, кумаки ҳамаҷониба расонидан ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ин мақсад ба роҳ мондани ҳамкории зич бо онҳо вазифаи ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар як фарди огоҳу солимфикри кишвар мебошад.
Такроран таъкид менамоям, ки ҳар яки мову шумо ба хотири ҳалли вазифаҳои гузошташуда бояд тамоми имконияту неру ва маҳорату малакаи худро барои дар рӯҳияи садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳимояи боэътимоди истиқлолу озодӣ ва марзу буми давлати соҳибихтиёрамон тарбия кардани афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар намоем. Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии онҳо масъалаи аввалиндараҷа мебошад.
Боварии қатъӣ ва эътимоди комил дорам, ки тамоми роҳбарон, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ ба хотири таъмини амнияти давлат, суботи кишвар ва оромии ҷомеа ҳамеша бо иродаи қавӣ ва рӯҳи матин омода хоҳанд буд.
Мову шумо бояд ифтихор кунем, ки баъди ҳазор сол соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр гардидем.
Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз узви ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ буда, овози баробар ба тамоми мамолики дунёро дорад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз на танҳо Тоҷикистони азизи моро мешиносад, балки пешниҳоду ташаббусҳои онро доир ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.
Мо бояд аз ин Ватани озод ва аз ин давлати соҳибихтиёр шукрона кунем ва неъмати бузурги соҳибватаниву соҳибдавлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо – афсарону сарбозони ғаюру шуҷои Ватанро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик мегӯям.
Ба ҳамаи шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ ва дар иҷрои қарзи муқаддаси фарзандӣ, рисолати ҷавонмардӣ ва вазифаҳои бисёр муҳиму масъулиятнокатон барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша саломату пирӯз бошед, фарзандони бонангу номуси Ватан ва ҳомиёни далеру шуҷои Тоҷикистони соҳибистиқлол!