Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаҳри Душанбе, 15 апрели соли 2021
Муҳтарам аъзои Шӯрои илм, маориф ва инноватсия!
Ҳозирини гиромӣ!
Соли гузашта дар Рӯзи дониш доир ба таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода будем. Ҳадафи асосии мо аз таъсиси шӯрои мазкур баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад.
Аз соли 2000 — ум инҷониб мо дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намудем. Дар ин муддат вобаста ба ислоҳоти соҳаҳои зикршуда як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои илм ва маориф тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд.
Махсус мехоҳам хотиррасон намоям, ки қабули «Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 — 2008» қадами аввалин ва ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ гардид ва барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ роҳи васеъ кушод.
Дар ин давра қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар бораи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007 — 2015», «Қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмиву техникӣ» ва як силсила санадҳои дигар қабул гардиданд, ки ҳар кадоми онҳо ба рушди ин ё он бахши соҳаҳои илму маорифи кишвар мусоидат намуданд.
Мо дар ин раванд, ба пешрафти илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам овардем ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2015» — ро қабул намудем. Дар асоси ин санад дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ паркҳои технологӣ таъсис дода, муҳаққиқону омӯзгорони навовар ба корҳои илмиву истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд. Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ бештар ҷалб гардида, завқи онҳо ба ихтироъкорӣ тавсеа пайдо кард. Дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби олимону ихтироъкорон як қатор навгониҳо ва таҷҳизоту воситаҳои техникӣ ба вуҷуд оварда шуданд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки сатҳи рушди илм, технологияҳо ва суръати пешрафти техникиву технологии кишварҳои рушдёфтаи дунё барои олимону ихтироъкорон ва махсусан, наврасону ҷавонони мо бояд намунаи ибрат ва омӯзиш бошад. Бинобар ин, мо бояд ба корҳои илмӣ бисёр ҷиддӣ машғул шавем ва аз равандҳои муосири илму технологияҳои ҷаҳонӣ қафо намонем.
Ҳукумати мамлакат маҳз бо дарназардошти талаботи замон ва аҳамияти бузурги илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар ҷодаи таъмин намудани пешрафти кишвар, ҳамчунин, «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 — 2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ барои солҳои 2011 — 2015» — ро қабул намуда, барои амалисозии онҳо шароиту имкониятҳои зарурӣ, аз ҷумла маблағгузориро муҳайё кардааст.
Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад. Мо тасмим гирифтаем, ки дар ин марҳала ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишварро амалӣ созем. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд. Зеро фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ ва инноватсионӣ шарти зарурии таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Машғул шудан ба фаъолияти инноватсионӣ ва ба вуҷуд овардани маҳсулоти инноватсионӣ яке аз омилҳое мебошад, ки ба пайванди илм бо истеҳсолот мусоидат карда метавонад. Натиҷаи чунин фаъолият ба вуҷуд омадани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ё маҳсулоти нави тавассути ин технологияҳо истеҳсолшуда мебошад.
Навъҳои муосири технология ва маҳсулот навовариҳое мебошанд, ки самараи иҷтимоиву иқтисодиро танҳо баъди татбиқи амалӣ, яъне дастрас гардидан ба истеъмолкунанда таъмин менамоянд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020» асосҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ муҳайё гардидаанд. Масалан, имрӯз олимони соҳаҳои физика, химия, маводшиносӣ, биология ва дигар бахшҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020» ба таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки барои ба вуҷуд овардани технологияҳои истеҳсоли молу мавод нигаронида шудаанд, машғул мебошанд.
То имрӯз технологияи истеҳсоли нитрогени моеъ барои соҳаҳои кишоварзӣ ва тиб, технологияи истеҳсоли асбобҳои гуногуни криогенӣ барои ҷарроҳӣ, кристаллҳои сунъӣ, истеҳсоли пектин аз партовҳои саноати хӯрокворӣ, пектинҳо барои тиб ва дорусозӣ, маводи кимиёӣ (атсетат ва нитрати селлюлоза) аз партови коркарди пахта, малҳамҳои табобатии «Сино», «Фитосуман», «Ромит», технологияи коркарди тилло ва нуқра дар конҳои кишвар, истеҳсоли обгармкунакҳои офтобӣ аз алюминийи аввалия, истеҳсоли кремнийи техникӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ, ки барои сохтани коллекторҳои офтобӣ зарур аст, технологияи истеҳсоли инулин, пектин, селлюлоза, биоэтанол ва биогаз аз растании топинамбур, технологияҳои парвариши навъҳои нави картошкаи беҷурм ва гандуми ба сардӣ тобовар, инчунин, технологияи истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ таҳия шуда, барои татбиқ дар истеҳсолот ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд.
Дар ин раванд, миқдори зиёди патент барои ихтироот ба даст оварда шудааст. Олимони соҳаи кишоварзӣ дар солҳои 2016 — 2020 — ум 87 навъи серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаро ба вуҷуд овардаанд, ки 36 навъи онҳо минтақабоб ва ҷорӣ карда шудаанд. Олимони соҳа, инчунин, усулҳои беҳтар кардани ҳосилхезии хок, истифодаи самараноки нуриҳои минералию органикӣ, пешгирӣ намудани таназзулёбии хок ва шӯршавии дубораи заминҳои обёришавандаро таҳия намуда, дар истеҳсолот татбиқ кардаанд. Вале таъкид месозам, ки пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи олимони мо дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар қонеъкунанда нестанд.
Аз ин лиҳоз, зарур мешуморем, ки таваҷҷуҳи олимонро ба вазифаҳои зерин ҷалб намоям:
1. Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ олимони соҳаи физикаро зарур аст, ки фаъолияти илмии худро дар самти коркарди маводи нав ва кристаллҳои сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни техника ва технология, тақвият додани корҳои илмиву технологӣ дар соҳаи физикаи ҳастаӣ ва татбиқи технологияҳои ин соҳа дар иқтисодиёти кишвар, ҳамчунин, нанотехнология ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об коркарди технологияҳои каммасраф, «энергетикаи сабз», технологияҳои коркарди партовҳо, аз ҷумла партовҳои радиоактивиро ҷиҳати рушди техника ва технологияҳои муосир вусъат бахшанд.
2. Вобаста ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръат олимони соҳаи математика вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои математикаи амалӣ моделсозии математикиро дар самти банақшагирии истеҳсолот, барномасозии компютерии ташкил ва идоракунии фаъолияти истеҳсолӣ таҳия ва ба саноатчиёни кишвар пешниҳод намуда, инчунин, таҳқиқотро дар самти лингвистикаи компютерӣ бо дарназардошти меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ вусъат бахшанд.
3. Олимони соҳаи химияро зарур аст, ки минбаъд фаъолияти таҳқиқотии худро доир ба татбиқи технологияҳои коркардшуда дар соҳаи хӯрокворӣ ва дорусозӣ, омӯзиши васеи хосиятҳои амалии хӯлаҳои алюминӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаи саноат, коркарди технологияҳои муосир оид ба истеҳсоли нуриҳои маъданӣ аз ашёи хоми ватанӣ, коркарди маводи кимиёӣ бар зидди ҳашароти зараррасон, коркарди металлҳои нодир якҷо бо олимони соҳаи физика, коркарди манбаъҳои захиракунандаи энергия дар асоси натрий ва калий бо дарназардошти захираҳои кишвар тақвият бахшанд.
Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудофиа ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои дар соҳаҳои саноат ва тиб татбиқ намудани технологияҳои бавуҷудовардаи олимони соҳаи химия оид ба истеҳсоли пектинҳо, фосфоритҳо, истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат намоянд.
4. Олимони соҳаи геология вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Саридораи геология ҷиҳати омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаҳои гуногуни кишвар, бо дарназардошти талабот ба ин ё он навъи ашёи минералӣ ва тартиб додани харитаҳои рақамии геологӣ барои арзёбии захираи конҳои канданиҳои фоиданок, чораҳои зарурӣ андешанд.
5. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, болоравии ҳарорати миёнаи кураи замин ва коҳиш ёфтани ҳаҷми оби пиряхҳо, камборишӣ ва хушксолиҳои пайи ҳам олимони соҳаи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ҳолат ва дурнамои рушди энергетикаи умумӣ ва гидроэнергетикаи Тоҷикистонро таҳлил намуда, захираҳои барқароршавандаи энергетикаи кишварро ҳамаҷониба омӯхта, гидроэнергетикаи хурди Тоҷикистон, ҳолат, захираҳо ва нақшаву барномаҳои истифодабарии онҳоро таҳқиқ намоянд.
Инчунин, дар тарғиби чаҳор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба об фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаи мазкур таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд ва бо баргузор намудани конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ аҳамияти ташаббусҳои мазкурро ба ҷаҳониён ҳар чӣ бештар муаррифӣ намоянд.
6. Олимону мутахассисони соҳаи рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав таҳқиқотро доир ба рушди инноватсионии илм ва технологияҳои сарфаи энергия вусъат бахшанд, инчунин, корро дар самти татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ вусъат диҳанд.
7. Фаъолияти минбаъдаи олимони соҳаи биология, физиология ва генетикаи растаниҳо бояд ба омӯзиш, ҳифз ва идоракунии устувори гуногуннавъии биологии растаниҳо ва арзёбии захираҳои табиии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои антропогенӣ равона карда шавад.
Олимону мутахассисони соҳа вазифадор карда мешаванд, ки бо истифодаи усулҳои биотехнологияи муосир ва роҳҳои маъмулии селексия роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро дарёфт намоянд.
Дар замони муосир масъалаи бехатарии биологӣ ва амнияти озуқаворӣ аҳамияти торафт бештар пайдо карда истодааст. Аз ин рӯ, олимони соҳаи биология бояд бо истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар ин самт таҳқиқоти илмиву назариявӣ ва амалиро ҷоннок карда, роҳҳои ба ҷои ду ҳосил аз як замин дар як сол се — чор ҳосил рӯёниданро дарёфт ва пешниҳод намоянд.
8. Илова бар ин, доир ба истеҳсоли тухмиҳои аълосифати ба иқлими кишвар мутобиқ, ба вирусҳо ва касалиҳо тобовар, инчунин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир, шӯршуда ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда таҳқиқот анҷом дода, якҷоя бо Вазорати кишоварзӣ хоҷагиҳои тухмипарварро барқарор намоянд ва дар самти офаридани чорвои хушзоти маҳаллӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.
Дар робита ба масъалаи робитаи илм ва истеҳсолот таъкид месозам, ки тибқи таҳлилҳо аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорон ҷиҳати татбиқ намудани технологияҳои пешниҳодшаванда ва тавассути онҳо ба роҳ мондани истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад.
Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба неруи зеҳнии ҷомеа мо солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуда, инчунин, ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи «Илм — фурӯғи маърифат» қарор қабул кардем.
Ҳадафи асосӣ аз иқдоми зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад.
Дирӯз Шабакаи телевизионии «Илм ва табиат», ки бо супориши мо таъсис дода шуда буд, ба фаъолият оғоз намуд. Бовар дорам, ки шабакаи зикршуда барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин, амалӣ гардидани барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар солҳои 2020 — 2040 саҳми арзишманд мегузорад.
Бояд гуфт, ки дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд.
Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, зеро мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем.
Аз ин лиҳоз, Маркази миллии патенту иттилоот вазифадор карда мешавад, ки бо ҷалби коршиносони касбӣ экспертизаи мустақили ихтирооту навовариро дар сатҳи баланд амалӣ гардонад ва дастовардҳои ихтироъкоронро барои дарёфт намудани фармоишгар ва татбиқ дар истеҳсолот мунтазам ташвиқу тарғиб намояд.
Барои рушди ояндаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, ҳамчунин зарур аст, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳо таҳким бахшида шавад.
Ба ин мақсад бояд дар муассисаҳои илмӣ корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ ташкил карда шаванд, то ки ихтирооти муҳаққиқон ва навоварон дар марҳалаи аввал аз санҷиш, озмоиш ва таҷриба гузаронида, баъдан барои татбиқи васеъ ба истеҳсолот пешниҳод карда шаванд.
Вобаста ба ин, корхонаҳои истеҳсолии вазорату идораҳои дахлдор, хусусан вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд бо ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар сурати ба роҳ мондани ҳамкории самараноки корхонаҳои саноатӣ бо муассисаҳои илмии ватанӣ бо харҷи кам ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил шудан мумкин аст, зеро ворид намудани технологияҳои пешқадам аз хориҷи кишвар маблағгузории зиёдро талаб менамояд.
Инчунин, зарур аст, ки дар нақшаҳои солона ва панҷсолаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, институтҳои соҳавӣ ва кафедраҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар қатори мавзӯъҳои бунёдӣ иҷрои мавзӯъҳои хусусияти амалидошта низ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шавад.
Ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурии инноватсионӣ, яъне марказҳои инноватсиониву технологӣ, инкубаторҳои технологӣ, технопаркҳо, марказҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои махсусгардонидашуда яке аз омилҳои пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ мебошад.
Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки паркҳои технологӣ ҳамчун сохтори миёнарав бо ихтироъкорону навоварон, вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар татбиқи дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот нақши муҳим мебозанд. Вале чунин паркҳо дар кишвари мо ҳанӯз пурра ташаккул наёфтаанд, ки чунин вазъ андешидани чораҳои заруриро тақозо мекунад.
Яке аз мушкилоти асосӣ, ки паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо он рӯ ба рӯ мешаванд, масъалаи андозсупорӣ аз фоида мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки парки технологӣ шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳамчун муассиса дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияҳои баланд барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар самти истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониву инвеститсионӣ фаъолият менамояд. Яъне, имрӯз вақти он расидааст, ки масъалаи аз андозсупорӣ озод намудани паркҳои технологии муассисаҳои илмиву таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Бинобар ин, Вазорати молия ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парки технологӣ» доир ба резидентҳои парки технологӣ ва имтиёзҳо дар соҳаи андозсупорӣ чораҷӯӣ намоянд.
Мо дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи маориф низ даҳҳо стратегия, консепсия ва барнома қабул намудем, ки дар асоси онҳо рушди соҳа ва амалигардонии ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром таъмин шуда истодааст.
Ҳукумати мамлакат моҳи сентябри соли 2020 «Дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» қарор қабул намуд ва муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбиро вазифадор кард, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим бо сатҳу сифати нав ба роҳ монда, тамоми неруи илмиву зеҳниро ба иҷрои мавзӯъҳои фармоишии фарогири масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ сафарбар намоянд.
Баробари эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расида, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандарт, барнома ва нақшаҳои таълимиро таҷдиди назар карда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим диққати аввалиндараҷа диҳад. Зеро танҳо дуруст ба роҳ мондани таълими ин фанҳо ва рушди тафаккури техникӣ имкон медиҳад, ки зеҳни наврасону ҷавонони мо қавӣ гардад ва онҳо баробар бо талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳои имрӯзу фардо қадам гузоранд.
Бо вуҷуди қабули барномаву санадҳо барои рушди соҳаи маориф татбиқи на ҳамаи онҳо қаноатбахш мебошад. Гарчанде мо барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимиро бо компютер иҷро кардем, аммо ҳоло низ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо омӯзгорони фанни мазкур намерасанд ва сифати азхудкунии технологияҳои иттилоотӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.
Ҳамчунин, ҳоло марҳалаи сеюми амалисозии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» шурӯъ мешавад, вале дар ин самт то имрӯз натиҷаҳои назаррас кам ба мушоҳида мерасад. Масалан, норасоии омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар бисёр ноҳияҳои дурдаст аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад.
Дар кишвар ҳанӯз аз соли 2004 ислоҳоти низоми маориф шурӯъ гардида, гузариш ба низоми таълими кредитӣ дар ду донишгоҳи пилотӣ — Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва Донишгоҳи технологӣ амалӣ карда шуд. Имсол гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба анҷом расид, вале тибқи назарсанҷиҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф иқдоми зикршуда ҳанӯз натиҷаҳои зарурӣ ба бор наовардааст.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки вазъи иҷрои барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои қабулшударо таҳти назорати қатъӣ қарор дода, якҷо бо Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ масъалаи низоми кредитии таҳсилотро баррасӣ намояд ва доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо чораҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ созад.
Дӯстони азиз!
Бо дарназардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия, махсусан, ба робитаи илм бо истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Ба хотири густариш бахшидани ин раванд солҳои охир аз ҷониби Роҳбари давлат як қатор тадбирҳои иловагӣ амалӣ шуданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи илмҳо мақоми миллӣ дода шуд. Илова ба Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент шуъбаи илм ва инноватсия таъсис гардид.
Инчунин, дар Паёми навбатии Президенти кишвар бо мақсади рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки оид ба таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.
Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Дар кишвари мо ташаккул додани инфрасохтори зарурӣ вазифаи асоситарин барои рақамикунонӣ мебошад, ки бояд дастрасии умум ба шабакаҳои баландсуръату бисёрхаттаи интернетӣ, ташаккули платформаҳои рақамӣ, ташкили инфрасохтор барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории иттилоот, истифода аз технологияҳои пешрафтаи коркарди «захираи бузурги маълумот», ташаккули фазои муътамади рақамӣ ва монанди инҳоро таъмин намояд.
Ҳамаи ин низ донишҳои муосир, пайванди илму истеҳсолот ва муносибати навоваронаву инноватсиониро тақозо мекунад, ки роҳандозии онҳо бе ҷалби олимону мутахассисони дорои сатҳи баланди касбият ғайриимкон аст.
Дар робита ба ин низ аз кормандони илму маориф фаъолияти боз ҳам бештар дар татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос, инчунин, омодасозии сокинони кишвар барои истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ талаб карда мешавад.
Итминони комил дорам, ки ҳамаи ин ибтикорот на танҳо ба такмили ҷиддии низоми идораи соҳа ва пайвастани илми ватанӣ бо истеҳсолот, балки дар маҷмӯъ, ба рушди минбаъдаи илм, маориф ва инноватсия дар кишвари мо мусоидат хоҳад кард.
Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо барору муваффақият мехоҳам.