Боздид аз ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик»

№33 (4773) 13.03.2024

53583878617_fb7a23a4f8_o13-уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ­Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» боздид намуданд.   

Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ шиносоӣ бо фаъолияти имрӯза ва нақшаю дурнамои навсозии ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» мебошад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти иттиҳодияи истеҳсолӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, навсозии ин корхонаи азими саноатӣ, боло бурдани иқтидори истеҳолии корхона ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ барои духтарону бонувон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки иқтидору захираҳои иттиҳодияи истеҳсолии мазкур имкон медиҳад дар корхона бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ занҷираи пурра — ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар ва дар доираи эълон намудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо иқтидори корхона афзун гардида, истеҳсоли маҳсулоти тайёру босифати ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда ба роҳ монда шавад.

www.prezident.tj