Боздид аз хоҷагиҳои деҳконӣ

№126 (3427) 21.09.2015

Ҳаждаҳуми сентябри соли 2015 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ташриф оварда, аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва «Боғи Сомон» шинос шуд.

Хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум ташкил шудааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 18 гектар замин дорад, ки аз ин шумора ҳашт гектараш обӣ, чор гектараш токзор ва боқимондаро боғҳои донакдору тухмдор ташкил медиҳад ва дар он 18 нафар саҳмдор ҳамвора заҳмат мекашанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз заминҳои солҳои сол бекорхобидаи хоҷагӣ дидан кард. Дар ин ҷо бо истифода аз пойгоҳи обкашӣ 60 гектар замини санглохи хоҷагӣ аз нав ба гардиши кишоварзӣ даровардаю соли ҷорӣ токзори нав шинонида шудааст.

Барои шодоб кардани ин мавзеъ бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ пойгоҳи интиқоли оби полезӣ ва 1,5 километр қубурҳои обгузар, се километр наҳри обгузар аз нав барқарор карда шудааст, ки аз баракати он мавзеи  40 сол ташналаб шодоб гардидааст.

Баъди шиносоӣ бо кори ибратбахши хоҷагии «Ватан», Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳрро тамошо кард.

Хоҷагии  деҳқонии «Хоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар замин доман густурдааст, ки дар қисми бештари заминҳо токзори замонавӣ бунёд ёфтаанд.

Дар замини мазкур гандум кишт карда мешудааст, ки аз норасоии об ҳосили ночиз мегирифтаанд. Соли ҷорӣ бо иқдоми роҳбарияти хоҷагӣ аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди  хоҷагӣ  парваришкарда ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед»-ро шинонидаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Аҳли заҳмат бо истифода аз ҳар як ваҷаб замини байни қатори токзор самаранок истифода бурда, дар он 15 гектар тарбуз, 20 гектар помидору бодиринг кишт кардаанд, ки  аз як гектари он  40 — 50 тонна тарбуз ва аз 20 гектар помидору бодиринг 50 — 60 тонна ҳосил рӯёнидаанд.

То имрӯз танҳо аз ҳисоби сабзавоту полезиҳо 150 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ворид шуда бошад ҳам, дар саҳро ҳанӯз ҳосил зиёд аст.

Баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаб имкон даст дод, ки 100 нафар сокинони деҳаи Янгибоғи деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши 600 сомонӣ дар як моҳ таъмин шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси роҳбарияти хоҷагии оилавиро намунаи ибрат барои дигарон хонда, онро дар таъмини дастурхони мардум бо маҳсулоти ниёзи аввалия муҳим арзёбӣ кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат» бо майдонҳои токпарварӣ шинос шуд. Дар он шаш навъи ангурҳои хуштамъ бо санъати баланди касбӣ  парвариш меёбанд.

www.president.tj