Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод»

№139 (3440) 19.10.2015

IMG_334318 октябри соли 2015 зимни сафари кории худ дар шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод»- и деҳоти ба номи Халифа Ҳасан боздид намуд.

Дар ин хоҷагии деҳқонӣ 37 нафар саҳмдор, ки ҳафт нафарашонро занон ташкил медиҳанд, фаъолият менамоянд. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 23 гектарро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола хоҷагидорон дар ин хоҷагии деҳҳонӣ номгӯйи зиёди зироатҳои кишоварзиро кошта, ҳосили дилхоҳи гандум, шолӣ, ҷав, ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот ва беда ба даст меоранд. Тибқи иттилои сарвари хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод»  Фарҳод Муҳиддинов  ҳар сол аз ин хоҷагӣ 105 тонна сабзавот, 88 тонна картошка, 35 тонна гандум ҳосил ба даст меоранд. Хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод» ҳанӯз соли 2003 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 23 гектар заминҳои обӣ дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз даромади софи хоҷагӣ харидорӣ кардани техникаҳои гуногун ҳидоят намуд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон намоишгоҳи маҳсулоти кишварзиро тамошо кард.

Дар ин намоишгоҳ 43 номгӯйи маҳсулот, ки дастранҷи деҳқонони шаҳр аст, ба маърази ҳозирин гузошта шуд.

Гандум, ҷав, маккаи дон, нахӯд, лӯбиё, офтобпараст, картошка, помидор, бодиринг, пиёз, сабзӣ, якчанд навъи ангур, себ, намудҳои гуногуни шолӣ ва асал аз ҷумлаи онҳо буд.

Зимни тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидорон, боғдорон ва занбӯриасалпарваронро оид ба истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулоти хушсифат, рушди бахшҳо, ба иқлими минтақаҳои гуногуни мамлакат мутобиқ кардани меваю полезиҳо, пайвандсозии ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, содироти дастранҷашон ба пойтахт, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ, тавсияҳои муфид дод.

Инчунин Президенти мамлакат маслиҳат дод, ки ҳар як нафари ба хоҷагидорӣ машғул дар баробари парваришу истеҳсоли маҳсулот ба харидорон дар бораи хусусиятҳои табобатии меваю сабзавот маълумот дода тавонанд, зеро ҳамаи маҳсулоти хуштаъму болаззати диёри мо дорои хусусиятҳои хоси табобатӣ ҳастанд ва бе ягон маводи доруворӣ имкони шифо бахшидан ба аксари бемориҳо мавҷуд аст.

Дар намоишгоҳ олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат баъзе навъҳои маҳаллии шолии ихтироъкардаи худро муаррифӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои пешбурди кори деҳқонӣ барору комёбӣ таманно намуд ва барфи аввалинро, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакент борид, барои кишоварзон манбаи файзу баракат арзёбӣ кард.

www.president.tj