Боздид аз маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№65-66 (4485-4486) 31.05.2022

52104653836_24ed82cc8f_o28 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ ташриф оварданд, ки он барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозону сержантон ва бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази таълимии «Пойтахт» Машқгоҳи таълимии тирандозиро ба истифода супориданд, ки дар он асосан афсарон ба сарбозон истифодаи дурусти силоҳи гуногуни оташфишон ва нозукиҳои тирпаррониро меомӯзонанд. Машқгоҳ барои такмили ихтисос ва малакаи касбии афсарон низ пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз шароити фароҳамшуда дар таълимгоҳи низомӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам такмилу тақвият додани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, хусусан ба афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, тавсияҳои судманд доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Маркази таълимии «Пойтахт»- и Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯи 19 ихтисос кадрҳои низомӣ, аз ҷумла минаҷӯён, алоқачиён, кинолог­ҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо, дастурдиҳандагони тиббӣ ва тирандозон, аз ҳисоби сарбозони навдаъват омода карда шуда, барои идомаи хизмат ба қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ фиристода мешаванд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назариявию амалӣ дар марказ шароити зарурӣ муҳайё гардида, омӯзиш бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуқтаи фармондеҳӣ намоиши техникаи ҳарбӣ, машқҳои таълимию тактикӣ ва омодабошии ҷангии афсарону сарбозони тоҷикро аз назар гузарониданд. Дар он омодагии ҷангии сарҳадбонон, амалиёти дастгирнамоӣ ва ё безараргардонии сарҳадшикани қочоқбар намоиш дода шуд. Зикр шуд, ки дар майдони тактикӣ дар 13 нуқта барномаҳои таълимӣ бо ҷалби ҳайати шахсӣ, техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва сагҳои хизматӣ ба роҳ монда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии сохторҳои қудратии мамлакат доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи афсарону сарбозон супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд гуфт, ки аз соли 2005 масъулияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҳомиёни далеру шуҷои марзу буми Ватани аҷдодӣ ба маротиб бештар гардид.

Ҳоло дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ,  дар баробари мардон, занону бонувон низ содиқонаю софдилона фаъолияти босамар доранд, ки ин намунаи баланди шуҷоату шарафмандӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебошад.

Дар Маркази таълимии «Пойтахт» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ошхона ва хобгоҳи сарбозон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.  Иншооти нав аз тарафи соҳибкори ватанӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов мутобиқ ба талаботи муосир сохта мешавад. Аз рӯи лоиҳа ошхона барои 1000 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст. Дар таҳхонаи бино толори варзишӣ ва дар ошёнаи аввали он ошхона бо ҳуҷраҳои алоҳидаи пухтупаз, сехи нонпазӣ, анбори нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошад. Хобгоҳ дар ошёнаҳои 2, 3 ва 4 ҷойгир мешавад. Масоҳати зери сохтмони бино 1800 метри мураббаъ ва дар маҷмӯъ, дар таҳхона ва 4 ошёна масоҳати умумии сохт­мон 9000 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Дар бинои ошхона ва хобгоҳ лифти замонавӣ насб шуда, долонҳои барҳаво, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, нуқтаҳои нигоҳдории силоҳ, ҳуҷраҳои маишиву фароғатӣ ва ёрирасон сохта мешаванд. Муҳлати сохт­мон ду сол буда, дар корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби Бригадаи сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ низ бинокорон ҷалб хоҳанд шуд.

Сарвари давлат ба масъулон барои босифат ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ва дар фурсати муайяншуда ба истифода додани иншооти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и  Қӯшунҳои сарҳадӣ марҳила ба марҳила биною иншооти соҳавӣ сохта ба истифода дода шуда, барои афсарону сарбозон шароити арзандаи хизматию маишӣ фароҳам мегардад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2017, 2019 ва 2020 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази таълимии «Пойтахт» — и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, як қатор иншооти навро мавриди истифода қарор доданд, ки барои беҳтар намудани шароити маишию хизматии афсарону сарбозон пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар Маркази таълимии «Пойтахт» биноҳои наву муосири таълимӣ, «Кохи Шараф», коргоҳи дӯзандагӣ, таълимгоҳи радиотехникии идоракунии сарҳад, толори варзишӣ, фермаи парандапарварӣ ва дигар иншооти соҳавӣ бо тарҳи муосир бунёд шудааст.

Хусусан, дар бинои таълимӣ, ки дорои 20 синфхонаи барҳавои дарсӣ мебошад, мутахассисони соҳа бо истифода аз технологияи пешрафта ба курсантон ва дигар шунавандагон, дар баробари омӯзиши барномаҳои таълимии ҳарбӣ, забонҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ, англисӣ ва чиниро меомӯзонанд. Иншооти маркази таълимӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малака, омодагии ҳарбӣ, рӯҳияи сарбозӣ ва ҳисси худшиносию ватанпарастии муҳофизони сарҳад бунёд гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти таълимию хизмати марзбонӣ таъмин мебошанд.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешавад, дидан карданд. Дар намоиш номгӯи зиёди сабзавоту полезӣ, меваҷот, ғалладона ва маҳсулоти консервашуда муаррифӣ гардид.

Ба иттилои масъулон, бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони сарбозон бо маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшту шир дар наз­ди Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи хоҷагии ёрирасон ташкил шудаааст, ки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро бо  маҳсулоти тару тозаи табиӣ таъмин менамояд.

Тибқи дурнамо, соли 2022 дар хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар 460,5 гектар кишти маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла,  дар 194,5 гектар кишти баҳорӣ, 73 гектар кишти такрорӣ ва дар 193 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба сохтору воҳидҳои ин ниҳоди қудратии мамлакат дастрас мегардад. Дар баробари боғҳои мавҷуда бунёди боғҳои нав низ идома дорад. Парвариши чорвои хурду калон ва паранда низ дар хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба роҳ монда шуда,  ҳар сол саршумори он афзоиш меёбад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадиро  барои истифодаи босамари ҳар қитъа замин, ки дар ихтиёри хоҷагиҳои ёрирасон аст, ҳидоят карданд. Дастур дода шуд, ки кишту парвариши маҳсулоти   кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза бештар карда шуда, қисме аз он барои мавсими тирамоҳу зимистон захира карда шавад.

Сипас, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки ба ифтихори  28 — солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ саф оростанд, суханронӣ намуданд. Сарвари давлат  сарҳадбонони тоҷикро ба муносибати ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаи пуршарафи ҳарбӣ шуҷоату далерӣ ва комёбию сарфарозӣ орзу карданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомӣ баргузор гардид.

www.president.tj