Боздид аз намоиши дастовардҳои соҳаи чорводории мамлакат

№97 - 102 (3577-3582) 01.08.2016

АсалСубҳи 28 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши дастовардҳои соҳаи чорводории мамлакат иштирок намуд.

Он дар партави дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки ҳадаф муаррифии дастовардҳои хоҷагиҳои чорводорӣ ва ба ин восита мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушманзараи ноҳияи Варзоб, ки намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ дар он ҷо ташкил шуд, бо дастовардҳои чорводорон ва занбӯриасалпарварони номдори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуда, ба роҳу усулҳои парвариши чорво ва навгониҳои кори чорводорони мамлакат мароқи зиёд зоҳир кард.

Чорводорони шуҳратманди шаҳру ноҳияҳои мазкур дар он рӯз намуду зотҳои гуногун ва дараҷаи элитаи гӯсфандон ва мешу қутосҳои зоти ҳисорию ҷойдорӣ ва зарафшониро ба тамошо гузошта, баргузории чунин намоиши сатҳи баланди дастовардҳои чорводориро омили муҳими пешрафти соҳа арзёбӣ намуданд.

Бояд таъкид кард, ки чорводорӣ аз бахшҳои муҳим ва сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар сиёсати аграрии роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.

Дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овардааст, ки дастовардҳои соҳа дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ беҳтару хубтар гардида, чорводорӣ дар кишвар рушду тараққӣ ёбад.

Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ ва дастгириҳо буд, ки дар мамлакат нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калон ду миллиону дусаду нуҳ ҳазор сар, аз он ҷумла модагов 1 млн. 132 ҳазор, бузу гӯсфанд беш аз панҷ миллиону 279 ҳазор, асп 78,3 ҳазор сар зиёд шудааст. Афзоиши саршумори чорвои калон 59 фоиз, аз ҷумла модагов — 93,2, бузу гӯсфанд — 57,4 ва асп — 49 фоизро ташкил медиҳад

Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ низ афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 218 ҳазор тонна гӯшт, 889 ҳазор тонна шир ва 7 ҳазор тонна пашм истеҳсол гардидааст, ки нишондиҳандаҳои истеҳсоли гӯшт 134 ҳазор тонна, шир 713 ҳазор тонна ва пашм 4,4 ҳазор тонна нисбат ба соли 1996 зиёд мебошад.

Қутоспарварӣ низ дар мамлакат пайваста ривоҷ ёфта истодааст. То имрӯз саршумори ин намуди чорвои калон дар ҷумҳурӣ ба 28 ҳазору 566 сар мерасад. Парвариши қутос бештар дар хоҷагиҳои қутоспарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ монда шудааст. Аз ҳисоби умумии саршумори он 25701 сар дар ин вилоят парвариш меёбад

Дар намоиши чорводорони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо дастовардҳои занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои номбаршуда ва тартиби дар шароити кӯҳсор истеҳсол намудани асал шинос шуда, аз намоиши марғзори Зиддӣ то Хоҷасангхок дидан кард.

Намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ дар партави иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2011-2016, қутоспарварӣ барои солҳои 2008-2015, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2008-2015 баргузор шуда, як навъ натиҷагирӣ аз рафти татбиқи ин барномаҳои давлатӣ дар мамлакат ба ҳисоб меравад.

www.president.tj