05.11.2024 08.40
Кувайт
4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари рась ба Давлати Кувайт аз Осорхонаи Қасри ас-Салом, ки дар минтақаи Шувайхи шаҳри Ал-Кувайт воқеъ гардидааст, боздид намуданд.
Ба меҳмони олимақом дар хусуси таърихи бунёди ин иншооти фарҳангиву таърихӣ, ки сохтмонаш соли 1960 ҳамчун қароргоҳи амир дар замони ҳукмронии собиқ амири Кувайт, марҳум Шайх Абдулло Ас-Салом Ас-Сабоҳ шурӯъ гардида буд, иттилоъ дода шуд. Аммо, чанде пас дар соли 1961, пас аз эълон шудани соҳибистиқлолии кишвар, бинобар зарурати бунёди қароргоҳи пазироии меҳмони расмии сатҳи олӣ ва баланд, ба ангораи сохтмони қаср тағйирот ворид карда шуд.
Соли 2019 баъд аз ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ ва тармимӣ дар қаср осорхонаи таърихиву фарҳангӣ ҷойгир карда шуд, ки бозгӯйи марҳалаҳои замонии гуногуни таърихи 300- солаи Кувайт буда, дар он маҷмӯи нодири осорҳои таърихӣ ва нигораҳои мероси фарҳанги миллӣ ба маърази намоиш гузошта шудаанд.
Осорхона бо технологияҳои муосири намоиш муҷаҳҳазонида шудааст, ки имкони муаррифии таърихи Кувайтро ба таври навоварона медиҳанд.
Дар фарыоми боздид аз осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо таманниёти шукуфоии бештари кишвари дӯст ва таҳкими муносибатҳои неки ду давлат, дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштанд.