Боздид аз Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон

№95 (3396) 16.07.2015

19474723678_55eed205ee_oСенздаҳуми июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон ташриф оварданд.

Дар ин ҷо меҳмонони олиқадрро тибқи оини низомиён, бо саф оростани ротаи қаровули фахрӣ ва таҳти навои Оркестри ҳарбии нафасӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи Шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад, моҳи октябри соли 2014 ба фаъолият шурӯъ намуда, он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинавию муолиҷавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шифохона дорои 50 кати хоб буда, дар он муддати ду сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор мекунанд. Ҳамзамон мутахассисони ҳиндӣ ба ҳамкасбони тоҷики худ истифодаи таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардидаро меомӯзонанд. Тамоми таҷҳизот сохти Ҳиндустон буда, ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқанд.

Бояд гуфт, ки бинои шифохона сеошёна буда, дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дорусозӣ ва ғайра мебошад. Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тиб ҷой гирифтааст. Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тиб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст. Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ буда, барои таъмини мунтазами шифохона бо неруи барқ дар ин ҷо трансформаторҳои алоҳида ва ҳам генератори барқӣ насб кардаанд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин шифохона на танҳо ба низомиён, балки ба мардуми ниёзманди деҳоти атрофи ин мавзеъ низ хизмати тиббӣ расонида мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон аз соли 2002-юм шурӯъ шуда, дар самтҳои омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули таҷрибаомузӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони Тоҷикистон сол ба сол густариш меёбад.

www.president.tj