22 сентябри соли 2015 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии намунавӣ ва овозадори Корпоратсияи «Баракат» аз наздик шинос шуд.
Ин хоҷагӣ серсоҳа буда, дар масъалаи парвариши чорво низ дар ҷумҳурӣ пешсаф аст.
Тавре иттилоъ доданд, танҳо аз ҳамин хоҷагӣ ба хориҷи кишвар рӯзҳои охир беш аз 5000 тонна ангур содирот шудааст. Айни ҳол дар заминҳои хоҷагӣ ҳосил фаровон аст. Дар ин хоҷагӣ ҳашт намуд ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ, парвариш карда мешавад.
Дар ҳамин хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти намунавии боғдорон шинос шуд.
Дарахтони сербори себ аз фаровонии ҳосили ин навъи мевагӣ дар хоҷагӣ дарак медиҳанд. Президенти мамлакат ба фаъолияти боғдорон, ки ҳамзамон ба хушк кардани себ машғул буданд, баҳои баланд дода, ба онҳо барори кор ва файзу баракат таманно кард.
Дар қитъаи дигари заминҳои хоҷагӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон яке аз навъҳои беҳтарини ангури ҳусайнӣ пешкаш карда шуд.
Ин навъи ангур дар майдони қариб чор гектар доман паҳн кардааст ва аз рӯи гуфти боғбон онҳо аз ҳар як гектар замин 50 тонна ҳосил гирифтанианд.
Президенти мамлакат ба боғдорони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ низ барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд ва ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхарид маслиҳатҳои муфид дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар ва бо кор таъмин кардани даҳҳо нафар сокинони ноҳия ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос намуда, ин иқдоми онҳоро намунаи ибрат номид.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти меҳнаткашони Корпоратсияи «Баракат» сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба охир расид.