Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ

№55 (3201) 28.05.2014

IMG_7410

Бегоҳии рӯзи 26 майи соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо омӯзонида мешаванд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назариявию амалӣ дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст, хусусан пас аз таъмиру навсозие, ки тайи чанд моҳи охир анҷом дода шудааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст омодагии сарҳадбонон доир ба ташкил ва гузаронидани амалиёти ошкор ва дастгирсозӣ ё безараргардонии гурӯҳи террористӣ ва ё қочоқбари сарҳадшикан намоиш дода шуд. Тавре аён гардид, барои ба роҳ мондани чунин машғулиятҳои амалӣ дар ин ҷо макети хатти сарҳад, ки хеле ба мавзеъҳои сарҳади давлатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон монанд аст, сохта шудааст. Ин амалиёти таълимӣ бо ҷалби ҳайати шахсӣ, техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва сагҳои хизматӣ ба роҳ монда шуд. Омодасозии сагҳои хизматӣ ва кинологҳо низ аз ҷумлаи ихтисосҳои ҳамин маркази таълимӣ аст ва ин кор дар сатҳи хеле баланд анҷом дода мешавад.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин китобхонаи дорои фонди ғании китобҳо бо толори китобхонаи электронӣ ва осорхонаи маркази таълимӣ ба худ ҷалб намуд. Чунонки аён гардид, бо ҷалби олимони таърихнигор ва рассомони касбӣ дар деворҳои осорхона таърихи бостонӣ ва муосири миллати тоҷик ба таври илюстратсия нигошта шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз майдончаҳои варзишӣ, машғулиятҳои гуногуни тактикӣ, синфхонаҳои сершумор, аз ҷумла синфи омодасозии ошпазҳои касбии низомӣ дидан карда, бо ҳайати шахсии маркази таълимӣ суҳбати ҷолиб анҷом дод.

Зимни суҳбат бо бонувоне, ки дар расми гузашти низомӣ дар майдони Дӯстии пойтахт иштирок намуда, маҳорати баланд нишон доданд, ба ҳамаи онҳо арзи сипос карда шуд. Таъкид гардид, ки дар хизмати низомӣ фаъолу намуна будани занону духтарон боиси афзун гардидани нангу номуси ватандории ҷавонмардони мо мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва суҳбатҳо ба масъулини соҳа доир ба боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматию маишӣ ва тарғиби оини ватандорию ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар супоришҳои мушаххас дод.

www.president.tj