Боздиди Пешвои миллат аз майдони «Истиқлол»

№3(4265) 09.01.2021

50809938667_413a8edf97_o7 январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дарахт шинониданд.

Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳо ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ аст. Ба корҳои сохтмонӣ дар он 10 июли соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз бахшиданд.

Аз масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 11 ҳазор метри мураббаъи он, тибқи нақша, сабзкорӣ гардида, дар он дарахтони нодири сояафкану ороишӣ ва ба саломатии инсон фоидаовар, аз қабили дарахтони сӯзанбарг, олу, магнолия, серенаи ҳиндӣ, санавбари қримӣ, секвоя ва дигар ниҳолҳои ба минтақа мутобиқ шинонида мешавад. То ба имрӯз дар як гӯшаи боғ даҳҳо адад дарахтони серена, олу ва сӯзанбарги кабуд шинонида шудааст.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ниҳоли дарахтони сӯзанбарги кабуд шинониданд, ки аз Италия ворид гардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маъракаи ниҳолшинонӣ ба боғдорон барои бо тарҳи зебо мураттаб сохтани гулгаштҳо ва дуруст ҷо ба ҷо кардани боғҳои ҳудуди иншоот дастур доданд.

Қобили зикр аст, ки нақши Пешвои миллат дар шукуфоии сарзамин тавассути таъсис, ободонӣ ва сарсабз гардонидани гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мевадиҳанда бузург буда, сокинонро ҳамеша ба сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист ва беҳдошти муҳити атроф ҳидоят менамоянд. Натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари сохтмони иншооти таъиноти гуногун бунёду барқарорсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, суперинтенсивӣ ва интенсивӣ, мевадиҳанда ва парваришгоҳҳо дар кишвар ба роҳ монда шуд. Президенти мамлакат бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ширкат варзида, мардумро ба ин кори пуршараф ҳидоят мекунанд.

Баъди шинонидани дарахт дар маъракаи ниҳолшинонӣ Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуданд.

Иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо ва таваққуфгоҳҳо иборат мебошад. Баландии рамзи «Истиқлол ва Озодӣ», ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзан 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолияти давлатиро ифода мекунад.

Майдони «Истиқлол» бо маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» иншооти асосӣ ва муҳташами ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб гардида, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тибқи нақша, соли 2021 мавриди истифода қарор мегирад.

Бунёди Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат шаҳодат медиҳад. Лоиҳаи ангоравии он аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардида, ифодакунандаи рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад.

Рафти бунёди Майдони «Истиқлол» таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, сифати масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.

www.president.tj