Боздиди Пешвои миллат аз мактаб — интернати ёрирасони №3

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

35349143601_c75721f172_oБисту сеюми июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба Муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ «Мактаб — интернати ёрирасони рақами 3»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари шиносоӣ бо шароити моддию маънавии бошандагони ин даргоҳи илму маърифат, ҳамчунин ба 100 нафар кӯдаки маъюби мактаб — интернат ва 101 нафар тарбиятгирандаи Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 — и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки барои мулоқот бо Президенти мамлакат омада буданд, сарулибос ва дигар кумакҳои моддӣ тақдим карданд.

Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 соли 1968 таъсис ёфта, дар он барои тарбияи 100 нафар кӯдаки маъюб ва дорои нуқсонҳои модарзодӣ барои таълиму ҳунаромӯзӣ шароити лозима муҳайё шудааст. Он дорои толори варзишӣ, синфхонаи таълими меҳнат, синфи компютерӣ, утоқи дефектологӣ, логопедия, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона бо 65 ҷойи нишаст мебошад. Шумораи омӯзгорон 26 нафарро ташкил медиҳад. Ҷараёни таълим шабонарӯзӣ буда, хонандагон бо ҷойи хоб ва чор вақт бо хӯроки гарм таъминанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳар сол тарби­ятгирандагони муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар олимпиадаҳои махсуси варзишӣ иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя мекунанд. Аз ҷумла, шаш нафар хонандаи мактаб-интернати мазкур дар мусобиқаҳои махсус дар давлатҳои Юнону Австрия аз рӯйи намудҳои варзиши сабук дар бахшҳои давидан ва ҷаҳидан ба дарозӣ иштирок карда, шаш медали тилло ва ҳафт медали нуқра ба даст оварданд.

Дар Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки ҳамаашон дар мулоқот бо Сарвари давлат иштирок карданд, 101 нафар, аз ҷумла 78 нафар ятим ва 5 нафар ятими кулл ба тарбияву ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тақдими туҳфаҳо ба кӯдакон дар арафаи Иди саиди Фитр дар саҳни ҳавлии Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 бо тарбиятгирандагон ва омӯзгорон суҳбати самимӣ доир карда, оид ба дастгириҳои ҳамешагӣ ва рӯзафзуни роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Шодию нишоти тарбиятгирандонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Пешвои ғамхор сарулибос, пойафзол ва шириниҳои гуногун гирифтанд. Хонандагони мактаб-интернат ба Пешвои миллат дар ҷавоб ба ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Сипас, Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки дар заминаи Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму зисти тарбиятгирандагон лоиҳаи бунёди бинои иловагии наву замонавии 4-ошёна бо 300 ҷой таҳия намояд.

www.president.tj