Боздиди Пешвои миллат аз Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии «Душанбе–2017»

№151 (3788) 21.12.2017

39121935792_654c617bdf_o19 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии «Душанбе — 2017» бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи беҳтарро пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкати ватанӣ молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, хӯрокворӣ, чармӣ, сохтмонӣ, алюминӣ, пластмасӣ, мошинолоти гуногун, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, намунаи ҳунари дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар 11 моҳи соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 миллиарду 845 миллион сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2016 — ум 2 миллиарду 755 миллион сомонӣ бештар мебошад.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар, дар маҷмӯъ ҷиҳати иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат силсилаи тадбирҳо амалӣ гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон изҳор доштанд, ки маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Дар ҳамин замина аз соли 2015 дар Тоҷикис­тон беш аз 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ташкил карда шуд, ки аз онҳо 80 корхонаи муштарак бо фонди оинномавии беш аз 800 миллион сомонӣ мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли беш аз 70 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шуд, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид.

Масъулони соҳа ин ҳама пешравиро дар истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминий, маъданҳои кӯҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ёдовар шуданд, ки ҳадафи Ҳукумати ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, саноатикунонии мамлакат, яъне аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Анҷоми ин кор имкон медиҳад, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард ва бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.

Соли равон дар соҳаи саноати сабук ва пилла барои 4 корхона, саноати хӯрокворӣ  — 7, саноати масолеҳи сохтмон — 7, саноати ангишт — 2 ва саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо барои 3 корхона техника ва технологияи нав ворид гардиданд.

Тибқи маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар 11 моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 163 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2 ҳазору 803 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Зикр шуд, ки тайи солҳои охир дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Далели возеҳи ин гуфтаҳо соли равон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани калонтарин корхонаи металлургӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки имрӯз маҳсулоти маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркия ва кишварҳои Аврупо содир мешавад.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи семент табдил ёфт. Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Моҳир семент» — и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд назаррас мебошад.

Соли равон истеҳсоли семент 2,8 миллион тонна, масолеҳи деворӣ 236,2 миллион дона, гаҷкартон 1326,4 ҳазор дона, гаҷ 39,7 ҳазор тонна, шифер 288,9 ҳазор донаро ташкил дод.

Дар ин давра қариб 945 ҳазор тонна семент ба Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот шудааст.

Инчунин, аз ҷониби ширкати «Ху Чан индустриал»-и ноҳияи Ёвон наздик ба 47 ҳазор дона гаҷкартон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дастур доданд, ки соли оянда истеҳсоли семент ба се миллион тонна расонида шавад, зеро дар бозори дохилӣ ва кишварҳои минтақа талабот ба ин намуди масолеҳи сохтмонӣ бештар аст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки соли равон маҳсулоти нави саноатии ивазкунандаи воридот, ба монанди халта, ротбанд, фториди алюминий, кислотаи сулфат, криолит, каогулянт ва хишти сабук истеҳсол карда шуд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди минбаъдаи соҳаи саноат барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ таъсири мусбат мерасонад.

Дар намоишгоҳ, ҳамчунин 60 намуди матои атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари дастии занону духтарон, ки баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ корхонаву коргоҳҳои худро таъсис додаанд, муаррифӣ карда шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – ноябри соли 2017 корхонаҳои соҳаи саноати сабук ба маблағи 949,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 378,6 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 166,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои соҳа 15713,1 тонна риштаи пахтагин, 2684,3 ҳазор метри мураббаъ матои пахтагин, ба маблағи 183,5 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, 894 ҳазору 715 адад либоси ягонаи мактабӣ, 1045,3 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, ба маблағи 23,4 миллион сомонӣ мебел, 2410,2 ҳазор метри мураббаъ қолин ва 747 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол гардидааст.

Танҳо дар 11 моҳи соли равон дар соҳаи саноати сабук 41 корхонаю коргоҳ ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо 1766 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси ягонаи мактабӣ ва мутобиқ кардани он ба стандартҳои байналмилалӣ масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор намуданд.

Коркарди пурраи ашёи хом – нахи пахта дар дохили кишвар, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувори саноати сабук ба ҳисоб меравад. Имрӯз корхонаҳои «Неку Хуҷанд», «Ҷавонӣ», «Сатн», «Нассоҷи Хуҷанд», «Бофандаи Норак», «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии Тоҷик» коркарди пурраи нахи пахтаро то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ мондаанд ва ин тадбир имконият медиҳад, ки дар оянда матоъ барои дӯхти сарулибоси мактабӣ дар дохили мамлакат бо сифати баланд ба роҳ монда шавад.

Айни ҳол, дар соҳаи саноати сабук «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2020» ва «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2012 — 2020» мавриди иҷро қарор доранд.

Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ гуфта шуд, ки дар ин давра 42 корхонаю коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ бо таъсиси 544 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин давра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири коркард ва бандубасти меваи хушки «Баракати Исфара» бо харҷи 2 миллион доллари амрикоӣ, корхонаи истеҳсоли консерваи меваю сабзавот ва хизматрасонии ҶДММ «Хушрӯз»-и шаҳри Ваҳдат бо сарфи 1,8 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти соҳа мусоидат намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дастур доданд, ки вақти истеҳсоли маҳсулот, пеш аз ҳама, ба сифати он диққати асосӣ диҳанд ва манфиати шахсиро аз солимии ҷомеа боло нагузоранд. Бо анҷоми ин амал онҳо метавонанд дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад.

Президенти мамлакат таъсиси корхонаҳои муштаракро бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири баҳрабардорӣ аз неъматҳои фаровони моддии табиати Тоҷикистон зарур шумориданд.

Ба гуфти масъулон имрӯзҳо меваи хушки Тоҷикистон, ки дар дохили кишвар мавриди коркард қарор мегирад, ба 10 мамлакати пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Қазоқистон содир мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни суҳбат бо намояндагони корхонаҳои азими тавлидотӣ изҳор доштанд, ки истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади Буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

 www.president.tj