Боздиди Пешвои миллат аз отрядҳои сарҳадии ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонӣ

№94 (4356) 17.07.2021

51314532556_791071dbba_o16 июли соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи ­мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пойгоҳи Отряди сарҳадии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оғоз гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар он зиёда аз ду ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ саф кашида буданд, ташриф оварданд.

Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Отряди сарҳадии ноҳияи Панҷ, подполковник Дониёр Файзуллозода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суханронӣ карданд. Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст афсарону сарбозонро, ки марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистонро содиқона ҳимоя карда истодаанд, ба ифтихори ҷашни дарпешистодаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтанд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид карданд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳиб­истиқлол  — ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватани маҳбуби худро мебинанд.

Вобаста ба авзои кунунии давлати ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат таъкид карданд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо, аҳамияти махсус дорад.

Имрӯзҳо авзои ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла, вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамсарҳаданд, ниҳоят мураккаб мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазъи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, аз афсарону сарбозони сарҳадбон, ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагиро тақозо менамояд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар як афсару сарбоз вазифаҳои бисёр мушкилу масъулиятноки ба зиммааш гузоштаи давлат ва халқи Тоҷикис­тонро минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, ҷасорату матонат ва далериву шуҷоат иҷро мекунанд.

Баъд аз анҷоми суханронӣ бо амри сардори Отряди сарҳадӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо ва қувваҳои эҳтиётӣ оғоз гардид. Дар он хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қуд­ратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қувваҳои эҳтиётӣ ё захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ иштирок намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ, бо вуҷуди вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу воҳидӣ, таъминоти моддиву техникӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пуррагардонии сафҳои артиш бо афсарони касбиву кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд. Зеро артиш дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он ба ҳисоб меравад.

Баъд аз анҷоми гузашти низомии ҷузъу томҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати захираҳои сафарбарӣ суҳбат доир намуданд.

Зимни суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳайати қувваҳои эҳтиётӣ изҳор доштанд, ки чун захираҳои сафарбарӣ барои ҳимояи ҳар зарра хоки поки Ватан доимо тайёранд ва дар ҳама гуна вазъият, бо гирифтани аввалин бонги хатар дар ҳамоҳангӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба хотири ҳифзи давлат ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми он дар паҳлуи Сарвари ғамхори худ ва халқи шарафманди диёр қарор мегиранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз вохӯрию суҳбатҳои самимӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо маҷмӯи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангии ҷузъу томҳои отряд шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ бо вазъи маишиву хизматӣ ва таъминоти ҳайати шахсӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ, сарулибоси низомӣ ва дигар амволи шайъӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Отряди сарҳадии ноҳияи Панҷ боздид намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар тобеияти отряди сарҳадии мазкур чор гектар замини хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст, ки ҳайати шахсӣ дар он зироатҳои гуногун кишт карда, ҳар сол ҳосили хуб ҷамъоварӣ менамоянд. Маҳсулоти бадастомада барои таъмин намудани ҳайати шахсӣ бо озуқаворӣ ва серғизо кардани хӯроки онҳо мусоидат менамояд.

Боздиди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи тайёрии ҷангии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон идома ёфт.

Тибқи ишораи бонги хатар, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии ин минтақа дар майдони Фурудгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҳозиразамон саф оростанд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, доир ба вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои воқеӣ, тайёрии ҳамаҷонибаи ҳайати шахсӣ, сафарбарӣ ва идораи қӯшунҳо, аҳамияти ҷалби захираҳои эҳтиётӣ, дар ҳолати омодабош қарор додани ҳама намуди силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва техникаҳои ҷангӣ, ҳушёриву зиракии сиёсиву низомӣ ва барои пойдории сулҳу субот содиқонаву софдилона хизмат намудан ба сарзамини аҷдодӣ андешаронӣ намуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон афсарону сарбозонро ба ифтихори 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона таб­рик карданд.

defaultПрезиденти мамлакат зимни суханронӣ оид ба зарурати таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат, ки аз сатҳи ҳимояи сарҳадот вобаста аст, андешаронӣ намуданд. Президенти мамлакат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба сохтори муҷаҳҳазу муосир ва неруи боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтааст, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон ва аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Сарҳадбонон бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунё­ро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳифз карда истодаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои ҳимояи сарҳади давлатӣ се раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, ду отряди таъиноти махсус, эскадриляи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, ҳафт комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 35 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи «Ворисони Куруши Кабир», чор маркази таълимӣ, се госпитали ҳарбӣ, панҷ қисми ҳарбӣ дар самти таъминоти техникӣ таъсис ёфта, 187 иншооту бинои ёрирасон бунёд шуд.

Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар сох­тору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадӣ бунёд ва 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ шудааст. Инчунин, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад бунёд гардидааст.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ 2800 ҷавон, аз ҷумла, 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 кас донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар вазифаҳои афсарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд.

Чанд соли охир, дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир, 1200 мил силоҳ ва 6300 адад муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.

Хотирнишон гардид, ки то ҳол зиёда аз 1600 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин гардида, роҳбарияти давлат, бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ, минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тадбирҳои заруриро меандешад ва дастгириву ғамхориро ба хотири беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии марзбонон тақвият мебахшад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба афсарону низомиён муроҷиат карда, изҳор доштанд, ки ҳар яки шумо бояд интизоми ҳарбиро қатъӣ риоя намоед, доимо ҳушёру зирак бошед ва нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.

Баъд аз суханронии Сарвари давлат гузашти низомии афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии сох­торҳои низомӣ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ доир гардид.

Дар идомаи сафар ва шиносоӣ бо вазъи омодагии ҷузъу томҳо ва захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ Роҳбари мамлакат аз шароити хизмативу маишӣ, таълимӣ ва пойгоҳҳои моддиву техникии афсарону сарбозон боздид намуданд.

Қобили зикр аст, ки барои баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар, тақвият бахшидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар маҷмӯъ, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ҳоло қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаи хуби моддиву техникӣ ва дигар шароити муосири хизмативу таълимӣ ва маишӣ таъмин карда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз отряди сарҳадӣ ва ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии сохторҳои низомии мамлакат доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj