20 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фаъолияти як қатор иншооти соҳаи тандурустии кишвар дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Боздиди кории Сарвари давлат дар шаҳри Душанбе аз шиносоӣ бо шароити беморхонаи муваққатӣ, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис ёфтааст, оғоз гардид.
Беморхонаи муваққатӣ дар доираи дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани 350 бемори гирифтори коронавирус — COVID-19 аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони бонангу номуси Ватан дар муҳлати як ҳафта созмон дода шуд. Дар он шароити зарурӣ муҳайё гардида, дорои ошхона барои 150 нафар, ҳаммом ва дигар таҷҳизоти тиббӣ мебошад. Ба муассисаи мазкур табибони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, бо доруворӣ, рахти хоб, ҷойи либосивазкунӣ, ҷевон барои гузоштани доруворӣ дар назди бемор ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардида, аз ду тараф бо дарозии 170 метр таҷҳизоти ҳавотозакунӣ насб шудааст.
Дар он ҷо 7 ҳуҷраи кории табибон ва духтурони соҳавӣ, шуъба барои қабул ва табобати беморон, ташхисгоҳ, ҳуҷраи махсус барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ, ҷойи шустушӯй ва дигар иншооти зарурӣ муҳайё мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз беморхонаи мазкур масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти вазъияти баамаломада таваҷҷуҳи бештарро ба ташхису табобати дуруст ва нигоҳубини беморон равона намуда, ба мардум содиқона хизмат намоянд.
Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, шинос шуданд. Иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тибқи дастури Пешвои миллат 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории коронавирус фароҳам аст.
Ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти тиббие, ки барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятӣ зарур аст, таъмин буда, мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нав дорои 208 ҳуҷра мебошад. Дар ҳама ошёна утоқҳои алоҳидаи ёрирасон мутобиқ ба талаботи замон бунёд гардида, дар ҳар як ошёна ошхонаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти фароҳамшуда, табибону беморонро бо хӯрокворӣ таъмин намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи корҳои омодагиву пешгирӣ дар кишвар амалӣ шуда истодааст. Дар кӯтоҳтарин фурсат ифтитоҳ намудани беморхонаҳои муваққатӣ аз зумраи чунин тадбирҳо мебошад.
Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 табиб ва кормандони соҳаи тиб ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.
Дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба таври илова якчанд беморхонаи муваққатии дорои зиёда аз 3200 кат баҳри табобати гирифторони COVID-19 бо фароҳам овардани шароити зарурӣ, алалхусус бо ҷалби мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба, таъмини таҷҳизоти тиббии баландсифат ва доруворӣ ташкил шуд.
Дар саҳни ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шинос шуданд. Он бо 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки лоиҳакашии Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанберо ба анҷом расонида, ҳамин сол корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шавад.
Ҳамон рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба Гимназияи ҳарбии ба номи «Ворисони Куруши Кабир»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварда, бо вазъи иншоот, ки ҳамчун беморхонаи сироятии муваққатӣ барои қабули беморон ташкил гардидааст, шинос шуданд.
Дар беморхона барои муолиҷаи маризон 16 ҳуҷра бо 110 кати хоб мавҷуд мебошад.
Илова бар ин, 4 кати функсионалӣ, 10 кати муолиҷаи шиддатнок бо хати оксиген ва 18 кати эҳёгарӣ тайёр буда, 2 оксигенатор, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 дастгоҳи балғамкашакии барқӣ ва 2 дастгоҳи дефибриллятор барои муолиҷа омодаанд.
Беморхонаи сироятии муваққатӣ дорои шуъбаи мардона бо 55 кат ва занона бо 37 кат буда, дар он ҳуҷраи безараргардонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият менамояд.
42 мутахассиси соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, 13 табиб, 30 корманди миёнаи соҳаи тиб ба кор ҷалб шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, либосҳои муҳофизатӣ, айнак, дастпӯшак ва ниқобҳои тиббӣ таъмин мебошанд.
Беморхонаи сироятии муваққатӣ ҳамчунин дорои ошхонаи ҷавобгӯ ба талаботи рӯз аст.
Ҳамон рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин беморхонаи сайёрро, ки дар варзишгоҳи «Бофанда» ташкил шудааст, диданд.
Мавриди зикр аст, ки зимни суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар доираи ҳамкориҳои судманди дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери махсуси тиббӣ якҷо бо таҷҳизоти махсуси нафасрасонии сунъӣ (ИВЛ) дастрас шуд.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар ин муассисаи тандурустӣ, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом дода шуд, таҳти назорати бевоситаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дошт.
Дар асоси нишондоди лоиҳа, беморхона дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, барои муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус пешбинӣ шудааст.
Беморхонаи сайёр бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, барои табибон ва беморон шароити лозима фароҳам аст. Ҳар як контейнер аз як ё ду ҳуҷраи хурд иборат мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити лозима мавҷуд аст. Дар контейнерҳо вобаста ба ҳаҷм 4 ва 6 бемор ҷойгир хоҳанд шуд ва дар маҷмӯъ имкон аст, ки 984 нафар ба табобат фаро гирифта шаванд.
Ба андешаи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхонаи сайёр сарбориро дар беморхонаҳои амалкунандаи пойтахт коҳиш дода, ба минтақаи карантинӣ табдил хоҳад ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои беморхонаи сайёр, аз сатҳи муносибати ҳамкориҳои ду давлати дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон андешаронӣ карда, кумаки кишвари ҳамсояро дар ин рӯзҳо намунаи барҷастаи робитаи мутақобилан судманд маънидод карданд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои зертобеи он, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони ҳимматбаланду ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ барои анҷоми босуръату босифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот арзи сипос карданд.
Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ дар ноҳияи Сино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе ба вазъи беморхонаи муваққатӣ шинос шуданд.
Иншооти мазкур тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои пешгирии паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19 барои қабули 500 бемори мубталои коронавирус муҷаҳҳаз бо техника ва лавозимоти зарурӣ омода гардид.
Беморхона дар масоҳати 14 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бинои асосии Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе соли гузашта бунёд гардида буд ва бо дарназардошти пайдо ва паҳн гардидани коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муддати кӯтоҳ ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шуд.
Иншоот аз 5 қисм иборат буда, дорои 110 ҳуҷраи муолиҷавӣ, 24 утоқи корӣ барои табибон ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар беморхона имкон аст дар як вақт то 500 бемор ба табобат фаро гирифта шавад.
Дар ошёнаи якум дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, дастгоҳи рентгинӣ мавҷуд аст, ки барои муоина ва муайян намудани ҳолати бемор мусоид аст. Шуъбаи эҳё низ дар ошёнаи якум ҷой дода шудааст. Ҳама утоқҳои муолиҷавӣ бо таҷҳизоти зарурии муосири тиббӣ таъминанд.
Шуъбаи эҳё аз 36 кат, аз ҷумла, 23 кати функсионалӣ ва 13 кати одӣ иборат буда, бо 24 дастгоҳи нафаскашии сунъи «Боброва», 12 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 13 балғамкашаки барқӣ, 6 дастгоҳи таъминкунандаи нафас, 7 монитор, 2 инфузомат, 3 халтаи амбу, 2 лампаи кварсӣ ва дефибрилятор муҷаҳҳаз аст.
Илова бар ин, як мошини сайёри рентген ва ду мошини ёрии таъҷилӣ дар хизмати беморон қарор хоҳад гирифт.
Бо дарназардошти фаъолияти шабонарӯзии табибон ошёнаи шашуми иншоот, ки дорои 22 утоқ мебошад, барои онҳо пешбинӣ шуда, бо таҷҳизот, ҷой ва рахти хоб таъмин мебошад.
Барои бехатарии наздикони беморон, табибону дигар кормандони беморхона долонҳои сабз ва сурх муайян шудааст.
Доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ дар ин беморхона ва беморхонаҳои муваққатии дигар таъмин мебошад.
Баъди шиносоӣ ба вазъи беморхонаи муваққатӣ дар саҳни ҳавлии Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе мулоқот карданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат вобаста ба вазъи баамаломада, пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ дар кишвар ва ба таври оҷилию сифатнок хизмат расондан ба беморон ба кормандони соҳаи тандурустӣ супоришҳои қатъӣ доданд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар бораи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва мубориза бо бемории нав гузориши муфассал дода, таъкид намуд, ки беморхонаҳои шаҳру навоҳии мамлакат бо доруворӣ, таҷҳизоти тиббии зарурӣ, маводи безараргардонӣ таъмин гардида, вазъият пурра таҳти назорат қарор дорад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни ҳисобот таъкид намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.
Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ҳисобот дода, оид ба беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон аз ҷониби Роҳбари давлат дастурҳои мушаххас гирифт.
Бояд гуфт, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
То ҳол тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар саросари мамлакат барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмини беморхонаҳо бо лавозимоти зарурӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои зиёд амалӣ шуда истодааст.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.
Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб ба мардум хизмат мерасонанд.
Барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, худмуҳофизатӣ зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо шуд.
Баҳри таъмини хизматрасонии босифат ба беморон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис дода шуда, мутахассисони вазорат, олимони шинохтаи соҳаи тиб тавассути технологияҳои муосир мустақим ба ниёзмандон кумаки машваратӣ расонида истодаанд.
Дар маҷмӯъ, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаҳои муваққатии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе барои қабули беморони мубталои коронавирус бештар аз 3200 ҷойи эҳтиётӣ муҳайё карда шуд.
Бояд гуфт, ки тибқи дастури Пешвои миллат на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ҷойҳои иловагии хоби беморон бо шароити лозимаи табобат муҳайё шуда истодааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ислоҳоти бахши тандурустӣ, аз ҷумла, сохтмони беморхонаҳои бо технологияи замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд.
Дар ин муддат даҳҳо иншооти тиббӣ бунёд ва аксари беморхонаҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Алҳол дар пайравӣ аз ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат вазорату идораҳо, шахсони саховатманд ба марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо доруворӣ ва хӯрокворӣ, таҷҳизоти тиббию маҳлулҳои антисептикӣ дастрас менамоянд.
Рафти чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобати аҳолӣ таҳти назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлат ҳар рӯз ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати пурзӯр кардани таъмини табобатхонаҳо бо маҳсулоти лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоид барои муолиҷаи гирифторони беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
www.president.tj