10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит аз ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” боздид намуданд.
Зимни боздид аз хоҷагии моҳипарварӣ роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави инкубатсионӣ ва 40 ҳавзи навро муаррифӣ карданд.
Ҳамаи масолеҳи сохтмонӣ ватанӣ буда, барои ободу зебо кардани як минтақаи вайрону валангор ва ноободи соҳили дарёча истифода гардидааст. Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёна бо сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд карда шудааст.
Боиси қайд аст, ки имрӯз коргарони ҷавони хоҷагии моҳипарварӣ дар самти тайёр кардани кирминамоҳӣ дар бинои инкубатсионӣ таҷрибаи кофӣ аз худ карда, барои рушди соҳа ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ самаранок фаъолият доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми роҳбарону коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” барои обод кардани як гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои корӣ изҳори сипос карданд.
Соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов уҳдадор шуд, ки оянда бо бунёди ҳавзҳои дигари моҳипарварӣ ва ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад.