Боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург

№155 - 156 (4738 - 4739) 27.12.2023

53422297853_c9940a043c_o26-уми декабри соли 2023 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла осорхона-мамнӯъгоҳи “Павловск”,  қасри Екатерининаи осорхона-мамнӯъгоҳи “Дарбори подшоҳӣ” ва Қасри бузурги Петергофи осорхона-мамнӯъгоҳи “Петергоф” боздид намуданд.

Дар саҳни осорхона-мамнӯъгоҳи “Павловск” Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Ба роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба таърихи осорхона-мамнӯъгоҳҳо ва санъати меъмории онҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, намоиши фарҳангӣ баргузор шуд.